Ба як қатор Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд

02 Феврал 2022, Чоршанбе

   Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳанро ба тасвиб расониданд.
     Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дарбораи низоми иҷозатдиҳӣ»,  лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2022»  ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

      Масъалахои мазкурро ба вакилони мардумӣ  Вазири нақиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим,  Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ,  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Муртазозода Ҷамшед, вакилони Маҷлиси намояндагон Маҳмудзода Музафарҷон,  Бобоҷониён Раънохон,  Зиёӣ Баҳриддин, Раҷабзода Равшан,  Маҷидзода Сарвиноз муаррифӣ намуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. 






Илова кунед