Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

09 Феврал 2022, Чоршанбе

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»  ва лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим, Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндаго Латифзода Рустам, Амонулло Хайрулло, вакилони мардумӣ Ғиёсиддин Ашурзода, Файзулло Баротзода, Даринг Қурбонзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» иброз намуданд, ки санади мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Тибқи лоиҳаи Қонуни зикргардида воридоти маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сўзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 барои ташаккули захираҳои давлатӣ тибқи номгўй ва дар ҳаҷми тасдиқ намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Зимни баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод ва вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлуда Мирзозода, Солеҳа Холмуҳаммадзода, Комрон Исмоилиён таъкид намуданд, ки лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 26-уми апрели соли 2013 ва бо мақсади амалӣ намудани банди 12 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

Лоиҳаи Кодекси мазкур аз 8 фасл, 18 боб ва 141 модда иборат буда, дар он ҳуқуқ ба манзил, муносибатҳо оид ба манзил ва иштирокчиёни он, фонди манзил, салоҳияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи манзил, идоракунии фонди манзил, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар муносибатҳо дар соҳаи манзил танзим шудааст. Фасли I «МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ» ном дошта  фарогири 3 боб ва 17 модда аст. Фасли II «ҲУҚУҚИ МОЛИКИЯТ БА МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ» унвон гардида, аз 3 боб ва 11 модда иборат аст.«ИДОРАКУНИИ ФОНДИ МАНЗИЛ» номи фасли III  буда, дар худ 4 боб ва 16 моддаро дар бар мегирад. Фасли IV ба «МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТИИ ФОНДИ МАНЗИЛИ ДАВЛАТӢ» бахшида шуда, яке аз калонтарин фаслҳои лоиҳаи Кодекс мебошад, ки фарогири 4 боб ва 60 модда аст. Фасли V «КООПЕРАТИВИ МАНЗИЛ» номгузорӣ шуда, аз 1 боб ва 9 модда иборат аст.Фасли VI «ИҶОРАИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ»унвон гардида, аз 1 боб ва 16 модда иборат аст. «ПАРДОХТҲО ВА ИМТИЁЗҲОДАР СОҲАИ МАНЗИЛ» номи фасли VII лоиҳаи Кодекси мазкур буда, дарбаргирандаи 1 боб ва 7 модда аст. Номи фасли VIII «МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ»буда, аз 1 боб ва 4 модда иборат мебошад.
Қобили зикр аст, ки моддаи 4 лоиҳа ба мафҳумҳои асосӣ бахшида шуда, дар он мафҳумҳои «манзили истиқоматӣ»,«бинои истиқоматӣ»,«хонаи истиқоматӣ (минбаъд – манзил)», «бинои бисёрхонагӣ», «хона», «ҳуҷра»,«фонди манзил»,«масоҳати умумии манзили истиқоматӣ»,«шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ», «молу мулки умумии бинои бисёрхонагӣ»,«кирояи иҷтимоӣ»,«ҳудуди назди хона»,«ташкилоти идоракунанда», «ширкати моликони манзил» ва «кооперативи манзил» маънидод шудаанд.

Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Илова кунед