Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи раисони кумитаҳои парлумонҳои кишварҳои СААД иштирок намуд

09 Феврал 2022, Чоршанбе

Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар кори ҷаласаи раисони кумитаҳои парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубрами ҳамкории парлумонӣ  баррасӣ мегарданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Андрей Картаполов, узви ҷаласаи ҳамоҳангсози раисони кумитаҳо   оид ба дифоъ ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви СААД дар назди Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, раиси Кумитаи дифои Думаи давлатии Маҷлиси федеролии Федератсияи Русия ба иштирокчиёни ҷаласа дар бораи натоиҷи амалиёти нахустини неруҳои контингенти посдори сулҳи СААД дар аввали моҳи январи соли 2022 дар Ҷумҳурии Қазоқистон, самтҳои такмили қонунгузорӣ ва  дастгирӣ намудани фаъолияти сулҳдӯстии давлатҳои аъзои ин Созмон, Дар бораи таҷрибаи Комиссияи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба тафтиши далелҳои дахолати давлатҳои хориҷӣ ба корҳои дохилии Русия маърӯза мекунад.
Ҳамчунин Раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба амният ва мубориза бо коррупсия, узви ҷаласаи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо оид ба дифоъ ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви СААД дар назди Шӯрои СААД Василий Пискарев бо маърӯза баромад мекунад.

Қарорҳо ва тадбирҳои андешидаи Маҷмаи парлумонии СААД ҷиҳати ҷилавгирӣ аз мудохилаи хориҷӣ ба корҳои дохилии кишварҳои узви СААД аз ҷониби узви Комиссияи доимии АП  оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, раиси Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба масъалаҳои ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва муносибатҳо бо хамватанон  аз ҷониби Леонид Калашников баррасӣ мешавад.
Иштирокдорони ҷаласа дар бораи вазъи низомию сиёсӣ дар бахшҳои миллии минтақаи масъулиятшиносии СААД гузориш медиҳанд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Рябков ба иштирокчиёни ҷаласа дар бораи музокироти Русия-ИМА ва Русия-НАТО оид ба кафолатҳои амниятӣ маълумот медиҳад.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин Аъзои Комиссияи доимии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Гурген Арсенян, раиси Комиссияи доимии Шӯрои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба корҳои байналмилалӣ ва амнияти миллӣ Сергей Рачков, раиси Кумитаи Маҷлиси Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният Айгул Куспан, Раиси Кумитаи Ҷогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба корҳои байналмилалӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷират Жанарбек Акаев, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода оид ба вазъи низомию сиёсӣ дар қишрҳои миллии минтақаи масъулияти СААД маърӯзаҳо анҷом медиҳанд.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханрони намуд.

Илова кунед