Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид мегардад

14 Феврал 2022, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни баррасии санади мазкур вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои саривақтии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, инчунин ҷиҳати такмили қонунгузории миллӣ вобаста ба бартараф намудани норасоию мухолифатҳо ва такмили тартиби иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷро таҳия ва пешниҳод шудааст.                      
 Мақсади асосии лоиҳаи мазкур оид ба иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо мушаххас гардонидани санксияҳои ҷазои маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ иборат мебошад.
Лоиҳа аз лиҳози ҳуқуқӣ такмил дода шуда ду моддаи нав, яъне моддаҳои 5275 ва 5301 оид ба иҷро накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро иловатан ба Кодекси амалкунанда ворид гардида, матни он аз лиҳози ҳуқуқӣ, имлоӣ, меъёрӣ мухтасар, дақиқ ва оммафаҳм ифода гардидааст. Ҳамчунин аз матни моддаи 530 Кодекси амалкунанда  калимаҳои «инчунин иҷро накардани талаботи қонунии иҷрочии мақомоти иҷро оид ба иҷрои қарори суд,» хориҷ карда мешавад.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳоба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиротба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2021», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, тасдиқ шудааст мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Илова кунед