«Таъмини баробарии гендерӣ дар парлумон»
15 Феврал 2022, СешанбеИмрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи: «Таъмини баробарии гендерӣ дар парлумон» баргузор гардид.
Роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар татбиқи сиёсати самарабахши гендерӣ иродаи қавӣ зоҳир намуда, дар таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар кишвар саҳми арзишманде гузоштаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Ҳамчунин Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 нақшаи чорабиниҳои миллии мазкур, тадбирҳо оид ба гузаронидани экспертизаи гендерии қонунгузорӣ, ташаккули кадрҳои захиравӣ барои пешбарӣ ба сохторҳои идоракунии гендериро пешбинӣ менамояд.
Мақсади асосии Стратегия фароҳам овардани замина ва шароити зарурӣ барои ҳарчи бештари қобилиятҳои занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ бо мақсади таъмини рушди устувори ҷомеа мебошад.
Барои тарбия ва пешбарӣ намудани занони роҳбар барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони қобилиятнок барои солҳои 2017-2022” таҳия шудааст. «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва Барномаи давлатии тайёр намудани занони мутахассис ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2017-2022 қабул гардиданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии мардону занон ва имкониятҳои баробари татбиқи онҳо» ҳуҷҷати муҳим дар такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардид.
То имрӯз зиёда аз даҳҳо қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо ва конвенсияҳо қабул карда шудаанд, ки пурра ба масъалаҳои гендерӣ, занон ва духтарон, ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба ҷорӣ намудани принсипҳои гендерӣ ба қонунгузории ҷумҳурӣ бахшида шудаанд.
Як қатор қонунҳои дигар, ки ба дастгирии оилаҳои осебпазир, фароҳам овардани фазои мусоид дар оила ва тарбияи фарзандон нигаронида шудаанд: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила », «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» , «Дар бораи кӯмаки суроғавии иҷтимоӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи манъи ақди никоҳи хешутаборӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси оила оид ба муоинаи ҳатмии тиббӣ мебошанд.
Дар ин замина, бояд гуфт, ки занони порлумони Тоҷикистон барои татбиқи бахшҳои сиёсӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон имкониятҳои нав пайдо карданд.
Муҳокимаҳои парлумонӣ, муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо ҷалби ВАО, тарғиби таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа дар вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар минтақа аз салоҳият, ҳадаф ва вазифаҳои фаъолияти қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар охир ба хамаи иштироккунандагони семинар кори пурсамар, ғояю таклифхои нави конструктивй орзу менамоям,-гуфт дар интиҳо Дилрабо Мансурӣ.
Дар нишасти мизи мудаввар ҳамчунин дигар намояндагони қишри ҷомеа иштирок ва суханронӣ намуданд.


