Аз иҷлосияи Маҷлиси намояндагон
30 Март 2022, ЧоршанбеИмрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия масъалаҳо «Дар бораи тасдиқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ядроӣ», «Дар хусуси Созишнома доир ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муомилот бо партовҳои таҷҳизоти электронӣва электротехникӣ», «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018», « Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018», « Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва « Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» мавриди баррасӣ қарор гирифт.



Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони мардумӣ муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фарҳод, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Саиднахш, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомӣ Содиқ, Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод, вакилони мардумӣ Исмоилиён Комрон, , Зиёӣ Баҳриддин, Раҷабзода Равшан, Умарзода Абдуҷаббор муаррифӣ намуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.