Саидмурод Фаттоҳзода бо ҳамтоёни Чинии худ мулоқот намуд

28 Апрел 2022, Панҷшанбе

Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо вакилони Мачлиси умумихитоии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар реҷаи фосилавӣ мулоқот намуд.
Дар оғоз намояндагони ҷониби Чин бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода доир ба равобити ҳасанаи дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, бахусус миёни парлумонҳои ҳарду давлат изҳори андеша намуда, аз ҷумла иброз дошт: «Рамзист, ки вохӯрии мо дар арафаи 30-солагии барқароршудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад. Дар таърихи навиниТоҷикистон Маҷлиси намояндагон, дар баробари Маҷлиси Миллӣ, яке аз ду палатаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи қонунгузории муосири Тоҷикистон муайян кардани ниёзҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, таъмини асоснокии илмӣ ва самаранокии қонунгузорӣ дар шароити тағйирёбии воқеият ва чолишҳои нав мебошад».
Саидмурод Фаттоҳзода илова намуд, ки Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  аз  ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кабул шудаанд, сарчашмаи асосии ҳуқуқӣ буда, дар ҶумҳурииТоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ доранд ва муҳимтарин муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамоянд. Ба ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 вакил, аз ҷумла 15 нафар занон, 32 нафар олимони соҳаҳои гуногун, 13 нафар докторони илм ва 15 нафар номзадҳои илм шомиланд.
 «Тоҷикистон ва Чин дӯст ва шарикони хубанд. Муносибатҳои дуҷонибаи мо дар тӯли 30 соли охир аз замони барқарории муносибатҳои дипломатӣ рушди солим ва устуворро дар асоси эҳтироми мутақобила, баробарҳуқуқӣ, натиҷаҳои мутақобилан судманд нигоҳ доштаанд. Дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории муносибатҳои мо нишондиҳандаҳои баланд ба даст оварда шуданд.         
Чин имрӯз яке аз шарикони пешрафтаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад”, - тазаккур дод раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон.
Ў тазаккур дод, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Чин пешбурди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад.
“Дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» барои ҳамкории зичи кишварҳои мо дурнамои бузург вуҷуд дорад, - таъкид дошт Саидмурод Фаттоҳзода ва илова намуд, ки - мо инчунин потенсиали назаррасро дар ташаббуси нави глобалии рушди Чин мебинем. Алоқаҳои байни шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои илмию таълимй торафт мустаҳкам шуда, вусъат меёбанд.Аз ин рӯ, густариши муносибатҳо дар ҳама соҳаҳо на танҳо ба манфиати Тоҷикистону Чин, балки ба таҳкими сулҳу суботи тамоми минтақа мувофиқ аст ва мо минбаъд низ ин равандро ҳамчун самти стратегии ҳамкориҳои худ ҳадафмандона пеш мебарем”.
Дар раванди мулоқот мубодилаи қонунгузорӣ ҷузъи муҳими равобити Тоҷикистону Чин арзёбӣ шуд.
Зикр гардид, ки таҳти роҳбарии Сарони ду давлат муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар сатҳи баланд бо натиҷаҳои судманд дар самтҳои мухталифи ҳамкорӣ рушд мекунанд.
Дар солҳои ахир мақомоти қонунгузории Тоҷикистон ва Чин равобити наздик ва ҳамкориро ҳифз карда, дар густариши равобити дуҷониба нақши муҳим доранд.
Дар асоси таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории ду порлумон мо умедворем, ки ин гурӯҳ дар пешбурди табодули ниҳодҳои қонунгузори кишварҳои мо ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии байни ду мардум нақши созанда ва мусбат хоҳад дошт.
“Итминон дорам, ки бо талошҳои муштараки мо равобити Тоҷикистону Чин дурнамои равшантар ва васеътар хоҳад дошт”,-гуфт дар интиҳо Саидмурод Фаттоҳзода.
Дар рафти мулоқот миёни иштирокдорон доир ба масоили таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.
Дар ҳамоиш ҳамчунин аъзои кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот иштирок намуданд.

Илова кунед