«Нақши хизматчии давлатӣ дар баланд бардоштани нуфузи хизмати давлатӣ»
28 Апрел 2022, ПанҷшанбеИмрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо иштироки кормандони Дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарори кишвар, намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар мавзӯи «Нақши хизматчии давлатӣ дар баланд бардоштани нуфузи хизмати давлатӣ» ва шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкурро бо сухани ифтитоҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Зайнуддин ва Файзуллозода Зафар оғоз намуданд.
Сипас, дар назди ҳозирин роҷеъ ба мавзӯи «Нақши хизматчии давлатӣ дар баланд бардоштани нуфузи хизмати давлатӣ» директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатов баромад намуд.
Мавсуф таъкид намуд, ки ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба баланд бардоштани нуфузи соҳаи хизмати давлатӣ шуруъ аз даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳо бештар таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад.
Дар робита ба ин, яке аз тадбирҳо дар низоми хизмати давлатӣ танзими рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчиёни давлатӣ мебошад. Яъне сухан дар бораи одоби хизматчии давлатӣ ва нуфузи хизмати давлатӣ меравад.

Дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ карда аз мақомдорон талаб намуданд, ки одоби баланди муоширату корбарӣ дошта бошанд. Хизматчиёни давлатиро нерӯи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ арзёбӣ намуд.Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд.
Дар моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ риояи одоб дар амал ва қарорҳои хизматчиёни давлатӣ ба сифати принсип шинохта шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани нуфузи хизмати давлатӣ, тақвияти масъулияти хизматчии давлатӣ ва самаранокии идоракунии хизмати давлатӣ, инчунин ҷиҳати таҳкими обрӯю эътибори ниҳоди хизмати давлатӣ, танзими бархурди манфиатҳо, тавзеҳ додани принсипҳои хизмати давлатӣ Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015 қабул шуд.
Дар Кодекс мафҳумҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ шарҳ дода шудаанд. Аз ҷумла агар рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ ҳангоми ба кор омадан, аз кор рафтан, иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, иштирок дар маҷлису машваратҳо, сафарҳои хизматӣ ва дигар чорабиниҳо ба рафтори хизматӣ мансуб бошад, пас рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ иртибот надошта бошанд ва берун аз ҷои кор дар ҷомеа зоҳир гарданд, рафтори ғайрихизматӣ дониста шудаанд.
Чунончӣ, Сарвари давлатамон дар назди хизматчиёни давлатӣ талаботҳои зерини ахлоқиро гузоштаанд: -дасту дили пок; -нияти нек; -садоқат ба давлату миллати худ; -нангу номуси ватандорӣ; -эҳсоси масъхулияти ба зиммадошта.
Ҳамчунин дар назди ҳозирин Азимов Ибодулло - сармутахассиси шуъбаи идоракунии захираҳои инсонии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Исматуллозода Фаридун - сардори шӯъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» баромад намуданд.
Дар интиҳо меҳмонон ба саволҳои сершумори кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон посух гуфтанд.
