Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳамоиши Созмони Умумиҷаҳонии Савдо иштирок намуд.

12 Май 2022, Панҷшанбе

Имрӯз Муовини Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор дар кори ҳамоиши омӯзишии парлумонии серӯза, ки бо ташаббусӣ Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Маркази тадқиқоти муносбатҳои бисёртарафа (МТМБ) ва Мактаби тадқиқоти байналмилалии Раҷаратнам (МТБР) ба таври реҷаи фосилавӣ онлайн баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар рӯзномаи ҳамоиш «Вазъи иқтисодиёти глобалӣ баъд аз COVID-19, тағйирёбии иқлим», « Назари кишварҳои минтақаи уқёнуси Ором оид ба иктисодиёти ҷаҳон дар давраи баъд аз COVID ва нақши тарафҳои манфиатдор дар он», «Ояндаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар тулии дувоздаҳ моҳи наздик ва баъд аз он» баррасӣ гардид.
Мақсади чорабинии мазкур баланд бардоштани имконият ва қобилияти қонунгзорони минтақавӣ дар ҳалли масъалаҳо вобаста ба савдои байналмилалӣ мебошад. Он дарки ҷуқури масъалаҳоро вобаста ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва масъалаҳои баҳсталаби ҷорӣ ва баъдинаро вобаста ба савдои беруна дарбар мегирад.
Иштироки вакилони Парламентҳо дар ин ҳамоиш аз манфиат холӣ намебошад, чунки дар самти фаъолияти қонунгузорӣ вакилон созишномаҳои байналмилалиро баррасӣ ва тасдиқ менамоянд, инчунин татбиқи ҳамаи созишномаҳои дар сатҳи байналмилалӣ ба имзорасидаро кафолат медиҳанд.
Азбаски чорабинии мазкур намояндагони тамоми минтақаро дарбар мегирад, он ҳамчунин ба иштирокчиён имкони мукотиба ва ҳамкорӣ намуданро медиҳад. Дувоздаҳсол мешавад, ки чунин ҳамоишҳо барои вакилони парламентҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором баргузор мегардад. Аввалин чунин ҳамоиш моҳи июни соли 2009 баргузор гардида буд.

Илова кунед