Ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табии ва экологӣ баргузор гардид
12 Май 2022, ПанҷшанбеИмрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии Ассаамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шахри Санкт-Петербург баргузор гардид, дар реҷаи фосилавӣ иштирок намуд.
Рустам Латифзода дар баробари вакилони парлумони кишварҳои муштаракулманофеъ лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи бехатарии экологӣ», «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилооти экологӣ»-ро дар таҳрири нав баррасӣ намуд.
Аъзои комиссияи доимӣ ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи фондҳои экологӣ», «Дар бораи занбӯри асалпарварӣ» ва «Дар бораи арзёбии таъсири эҳтимолии фаъолияти истихроҷи маъдан ба саломатии аҳолии ҳудудҳои ҳамсоя»-ро баррасӣ намуданд.
Соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ эълон шудааст , бинобар ин вакилони порлумон нақша доранд, ки дурнамои татбиқи қонуни намунавӣ «Дар бораи рушд ва ҳифзи ҳудудҳои кӯҳистон»-ро, ки аз ҷониби Комиссияи доимии СММ таҳия шудааст, арзёбӣ кунанд.
Вакилони парлумон ва коршиносон ҳамчунин самтҳои асосии қонунгузориро муайян намуданд, ки дар онҳо дар се соли оянда таҳияи қонунгузории намунавӣ дар соҳаи сиёсати кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва экология муаян карда шудааст.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ХАБАРҲО АЗ WWW.PRESIDENT.TJ
-
20.05.2022
Тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ
-
17.05.2022
Мулоқот бо Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқирӣ
-
17.05.2022
Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев