Муқовимат ба коррупсия пурзур мегардад

18 Май 2020, Душанбе

Имрӯз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷамъият,таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия сиёсати давлатиро дар самти муқовимат ба коррупсия ҳамчун субъекти асосии ба коррупсия муқовиматкунанда татбиқ менамояд. Муқовимат ба коррупсияро дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар,  сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон амалӣ менамояд. Фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсияро дар самти муқовимат ба коррупсия ҳамоҳанг месозад. Корҳои таҳлилӣ ва мониторингивазъи муқовимат ба коррупсияро анҷом медиҳад, натиҷаи онро барои баррасӣ ва андешидани чораҳо ба мақомоти дахлдори давлативу ҷамъиятӣ ирсол менамояд.

Мақсад ва моҳияти лоиҳаи Қонуни мазкур дар тавзеҳномаи лоиҳаи номбурда дарҷ гардидааст. 

Аъзои Шӯро ҳамчунин зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт“ иброз намуданд, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро муқаррар намуда, ба таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои ҷабрдидагон оид ба ҷуброн намудани зараре, ки ба ҳаёт, саломатӣ ва ё молу мулки онҳо зимни истифодабарии воситаҳои нақлиёт расонида шудааст, равона гардидааст.

Дар анҷом аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои дигари муҳокимагардида қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси намояндагонро қабул намуданд.

Илова кунед