Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаи ҳаӣатҳои парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел иштирок намуданд
13 Май 2022, ҶумъаРӯзи 12 маӣ ҳаӣати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини Раиси парлумони касбии мамлакат Дилрабо Мансурӣ, Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағоӣзода дар кори ҷаласаи ҳаӣатҳои Парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки дар шаҳри Брюссел баргузор гардид иштирок намуданд.
Дар оғози кори ҷаласа раисони ҳайатҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон бо суханони ифтитоҳӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшиданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур баромад намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ дар назди иштирокчиёни ҷаласаи мазкур баромад намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки
«-Имрўз барои мо ифтихори олист, ки аз номи ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи парлумонӣ оид ба ҳамкорӣ байни Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупоро хаӣрамақдам мегӯям».
Мехоҳам ба Парлумони Аврупо барои кори фаъол ва пурсамар дар ташкил ва баргузории ин нишасти муҳим изҳори сипос намоям.
Мулоқоти имрӯзаро мо боз як далели муносибати қатъии худ ба рушди ҳамаҷониба ва таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ ва ҳамкориҳо дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ арзёбӣ мекунем.
Тоҷикистон Иттиҳодияи Аврупоро шарики муҳими байналмилалии худ, мусоидат ба таҳаввулоти демократӣ дар кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист медонад.
Мо саъй менамоем, ки ҳамкориҳои дарозмуддат ва устувори мутақобилан судмандро бо Иттиҳоди Аврупо дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобила ва эътимод инкишоф диҳем.
Боварй дорам, ки имруз мо аз руи тамоми мачмуи масъалахои рузнома мубодилаи самарабахши афкор хохем кард. Баррасии масъалаҳои вазъи иҷтимоию сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти минтақавӣ бешубҳа ба рушди бомуваффақияти шарикии мо дар тамоми соҳаҳо ва татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои зикршудаи ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимни ҷаласаи мазкур ҳамчунин муҳокимаи вазъияти сиёсии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори ҷаласа Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Эркин Раҳматуллозода иштирок намуд.

