Маҳмадтоир Зокирзода ба шаҳри Боку парвоз намуд

16 Май 2022, Душанбе

Субҳи имрӯз ҳаӣати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбоӣҷон парвоз намуд.
Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳаӣати ҳамроҳони ӯ  Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода рӯзҳои 17 ва 18-уми маӣ  дар кори Конфронси 3-юми генералии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, ки дар шаҳри зебои Боку мегузарад иштирок менамоянд.
Мавриди зикри хос аст, ки санадҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ассамблеяи Парлумонии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ баимзорасида ва батасвибрасида, аз ҷумла Созишнома дар бораи тиҷорати транзитӣ, Созишнома дар бораи боркашонии транзитӣ дар минтақа ва Созишномаи тиҷоратии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ барои рушди тиҷорат, ҳамчун унсури асосии ҳамкориҳои минтақавӣ дар кишвари мо ниҳоят муҳим арзёбӣ мегарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки дар оянда низ дар фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ пурсамар иштирок намуда, сатҳу сифати ҳамкориҳои бисёрҷонибаи худро баланд бардорад. Тоҷикистон мудом ҷонибдори тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратии минтақавӣ дар доираи  Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ба манфиати шукуфоии мардумони кишварҳои аъзои Созмон буду мебошад.

Илова кунед