Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Конфронси сеюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ намуд.
17 Май 2022, СешанбеИмрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони у Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттилоот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ Саидмурод Фаттоҳзода, Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбоӣҷон Рустами Солӣ ва ҳайати ҳамроҳон дар кори Конфронси сеюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, ки дар шаҳри Боку таҳти раёсати Раиси Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Гаффорова баргузор гардид иштирок намуд.
Дар оғози ҷаласа, дар қатори дигар масъалаҳо ҳисоботи натиҷаҳои дуюмин конференсияии Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, дастурамали фаъолияти Ассамблея ва инчунин макон ва замони баргузории ҷаласаи ояндаи Созмони мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Пас аз маросими расмгирии Сарони парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, рӯзи 17– уми май баъди нисфирӯзи ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сеюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ бо иштироки сарони парлумонҳои кишварҳои Туркия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Узбекистон, Озарбоӣҷон, Тоҷикистон ва Дабири куллӣ созмони мазкур ба кори худ оғоз намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Конфронси мазкур вобаста ба масъалаи баррасишаванда - «Ҳамкорӣ дар давраи пас аз пандемия: чолишҳо ва имконот барои барқарорсозӣ» баромад намуда, чунин изҳор дошт:
Ба Соҳиба Ғафорова ва котиботи Ассамблеяи Парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ барои даъват ва корҳои назарраси анҷомшуда дар самти омодагӣ ва сатҳи баланди ташкили конфронси мазкур дар ин шаҳри зебоманзари Боку сидқан изҳори миннатдорӣ менамоям.
Мутмаинам, ки чорабинии кунунӣ қадами муҳиме дар роҳи рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои байнипарламентии кишварҳои мо хоҳад гузошт.
Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ аҳамияти худро ҳамчун платформаи муассир баҳри вокуниш ба чолишҳои бавуҷудомада, роҳандозии корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тиҷоратию иқтисодии пандемияи Ковид-19 ба таври боварибахш тасдиқ кард.
Бешубҳа, пандемияи Ковид-19 ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳамаи кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон таъсири зиёди манфӣ расонд.
Саъю кўшишҳое, ки бо мақсади рафъи оқибатҳои пандемия дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон сурат мегиранд, далели возеҳи зарурати ҳамкориҳои зиччи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи сар задани бўҳронҳои глобалӣ мебошанд.
Дар робита ба ин, аз кишварҳои аъзо даъват карда шуд, ки нақшаи муштаракро ҷиҳати татбиқи пурсамари иқтидори тиҷоратии минтақаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ таҳия намоянд.
Муттаҳид сохтани саъю талошҳоро ҷиҳати таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, ки, бешубҳа, ба зиёд намудани ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ мусоидат мекунанд, муҳим арзёбӣ менамоем.
Дар ин росто, тавсеаи шабакаи долонҳои нақлиётӣ ва таъмини гардиши озоди молу хизматрасониҳо миёни кишварҳои аъзо аҳамияти хосса доранд.
Аз ин лиҳоз, мо бояд ба баланд бурдани иқтидори нақлиётиву транзитии минтақаи Созмон таваҷҷуҳи афзалиятнок зоҳир намоем.
Барои барқароршавӣ дар давраи пас аз пандемия, мо роҳандозии ҳамкории муштаракро бо мақсади тавсеа ва таҳкими ҳамгироӣ дар соҳаҳои молия, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои, аз ҷумла тавассути таҳия ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои муштарак, зарур мешуморем.
Бо дарназардошти зарурати бартараф намудани оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемияи Ковид-19, зарурият ба чунин ҳамкорӣ муҳимияти бештарро тақозо менамояд.
Заминаи ҳуқуқии муносибот ва механизмҳои соҳавии ҳамгироӣ дар доираи ин Созмон имкон медиҳанд, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои лозима роҳандозӣ намоем.
Ҳамтоёни муҳтарам,
Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн манфиатдор аст.
Кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ бо бурдани фаъолияти муштарак, бори дигар ҳавасмандии худро ба фалсафаи рушди озод ва бунёди ҷомеае, ки ба масъулияти муштарак асос ёфтаанд, тасдиқ мекунанд. Тавре таҷриба нишон дод, дар шароити пандемияи ҷаҳонии коронавирус ҳеҷ як кишвар наметавонист ба нерӯи худ такя кунад. Танҳо вокунишҳои глобалӣ ва ҳамоҳангсозиҳои глобалӣ, калиди ғолибият дар муқобили пандемия буданд.
Пандемияи Ковид-19 алоқамандии мутақобилаи ҷаҳони муосирро возеҳ нишон дода, масъалаи такмили механизмҳои ҳамкории бисёрҷонибаро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба рӯзномаи байналмилалӣ ворид намуд.
Дўстони арҷманд,
Изҳори умед менамоям, ки натиҷаҳои Конфронси Сеюми умумии Ассамблеяи Парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ барои истифодаи иқтидори Созмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақа мусоидат хоҳанд кард.
Имрӯз дар назди мо вазифаи ҷиддӣ – муҳокима ва қабули санади муҳим – Эъломияи Боку, қарорҳое, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ, таъмини фаъолияти самарабахши Ассамблеяи мо ва баланд бардоштани ҳамгироӣ то ба сатҳи сифатан нав дар чаҳорчӯби Ассамблеяи Парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ нигаронида шудаанд, қарор дорад.
Дар хотима мехоҳам ба кори Конфронси Сеюми умумии Ассамблеяи Парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ муваффақият ва барор орзу намоям.
Маърӯзаи Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки фарогири мавзӯъ ва масъалаҳои муҳиму сатҳи ҷаҳонидошта буд, аз ҷониби ширкаткунандагони ин Конфронс бо иҳтимом ва самимияти хоса шунида шуд.
Дар хотима, дар назди иштирокчиёни кори Конфронси сеюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ҳамчунин Раисони парлумонҳои кишварҳои Туркия, Эрон, Қазоқистон, Покистон ва дигар кишварҳои аъзо аз рӯи масъалаи баррасишуда баромад намуда, иброз намуданд, ки баргузории Конфронси мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон омили муҳим ҷиҳати густариш пайдо кардани муносиботи байнипарлумонӣ миёни кишварҳои аъзо ба шумор меравад.
Конфронси сеюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ рӯзи 18 май кори худро дар Ҷумҳурии Озарбойҷон идома медиҳад.
Рӯзи 18 –уми май иштирокчиёни кори Конфронси сеюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар доираи барномаҳои фарҳангӣ аз шаҳрҳои Физулӣ ва Шуша дидан менамоянд.
Бо ҳамин сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси парлумони касбии мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода дар Ҷумҳурии Озарбоӣҷон ба поён мерасад.
