Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парлумонӣ доир шуд

19 Май 2022, Панҷшанбе

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарияти чанде аз вазорату кумитаҳои соҳавии кишварамон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Энергияи сабз – омили асосии таъмини рушди устувор ва бехатарии муҳити зист» доир гардид.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло суханронӣ намуда, дарҷ намуданд, ки мутахассисони ботаҷрибаи вазорату идораҳои гуногун барои ҳисоб кардани партови газҳои гулхонаӣ дар панҷ бахш (энергетика, равандҳои саноатӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва хоҷагии ҷангал, партовҳо) ҷалб карда шуданд. Ҳамин тавр, бо мақсади гузаронидани инвентаризатсияи газҳои гулхонаӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои гуногун як гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шуда, кори гурӯҳро шарикони лоиҳа — Агентии обуҳавошиносӣ - мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ идора мекунанд. Олимон ба ҷои сӯзишвориҳои карбондор истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергияро, ки ба муҳити зист зарар намерасонанд, тавсия медиҳанд. Ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия об (гидроэнергетика), неруи офтоб, шамол, чашмаҳои геотермалӣ, биоэнергетика ва ғайра дохил мешаванд. Энергияи аз ин манбаъҳои барқароршаванда истеҳсолшударо «энергияи сабз» меноманд.

Ҳамчунин зимни муҳокимаи парлумонӣ таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир як қатор қонунҳо, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ва ғайраро қабул намуд, ки баҳри пешбурди «иқтисоди сабз» дар мамлакат мусоидат мекунанд.
Дар фарҷоми муҳокимаи парламентӣ баъди саволу ҷавоби вакилони мардумӣ бо масъулини соҳа, қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуд.

Илова кунед