Ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон

19 Май 2022, Панҷшанбе

Ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон
Имрӯз, дар Қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар шакли (реҷаи фосилавӣ) видеоконфронс оғоз гардид. Дар ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои Иттиҳод, инчунин намояндагони мақомоти ИДМ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Масъалаи марказии ҷаласа сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон маҳсуб ёфта, дар доираи он сараввал Сафаров Низомӣ Абдулло Оғлу раиси комиссия, узви Кумитаи Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва сохтори давлатӣ, узви Кумитаи Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба мудофиа, амният ва мубориза бо коррупсия суханронӣ намуда, ба муносибати 30 - солагии фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишварҳои узви ИДМ ҳозиринро шодбош гуфта, як зумра нақшаву лоиҳаҳои навро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Тағойзода Сумангул Саид аз тариқи реҷаи фосилавӣ (видиоконференсия) иштирок намуда, дар қисми музокираи ҷаласаи мазкур роҷеъ ба масъалаи «Ҳифзи саломатии аҳолӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон»  ибрози назар намуданд.

Илова кунед