Иштироки вакил дар сессияи ташкилотҳои байналхалқии парламентӣ (АПША, ИБП, АП САҲА, АП кишварҳои баҳри Миёназамин) ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳайати вакилони кишварҳои узви ИДМ

19 Май 2022, Панҷшанбе

    Имрӯз, зимни сессияи ташкилотҳои байналхалқии парламентӣ (АПША, ИБП, АП САҲА, АП кишварҳои баҳри Миёназамин) ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳайати вакилони кишварҳои ИДМ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Баротзода Файзулло тариқи реҷаи фосилавӣ (видиоконференсия) иштирок ва суханронӣ намуданд.
   Зимни ҳамоиш Баротзода Файзулло иброз намуданд, ки тавре ба ҳамагон маълум аст, аз ҳамоиши қаблӣ то имрӯз дар минтақаи кишварҳои узви САҲА ва умуман дар тамоми ҷаҳон тайи ин муддат рӯйдодҳои тақдирсози дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба амал омаданд, ки пайомадҳои он ба бештари кишварҳои узви Ассамблеяи парлумонии САҲА таъсири амиқи худро расониданд. Бо ҳамин мақсад ҷаласаи имрӯзаи мо заминаи хубе фароҳам меорад, то ин ки дар партави ин рӯйдодҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва кишварҳои узви САҲА - ро баррасӣ намуда, ба онҳо баҳои холисона дода, самтҳои минбаъдаи фаъолияти муштаракро бо дарназардошти манфиатҳои халқҳоямон баррасӣ намоем.

Илова кунед