Ҷаласаи комиссияи доимӣ оид ба иктисодиёт ва молияи Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ доир гардид

20 Май 2022, Ҷумъа

     Имрӯз, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иқтисод ва молия Файзулло Машраб Қурбоналӣ дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, дар реҷаи фосилавӣ (онлайн)  иштирок намуд.

     Рӯзномаи ҷаласаи кории Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иқтисод ва молия, таҳти раёсати Сандиков Алексей Иванович – Раиси комиссия, узви Комиссияи доимии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва масъалаҳои ҳамгироии Авруосиё мавриди баррасӣ қарор гирифт.
     Дар кори ҷаласа пеш аз ҳама масъалаи интихоби муовини  Раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иқтисод ва молияро Должиков Алексей Петрович муовини мудири котиботи Шурои АБ ИДМ пешниҳод ва баррасӣ намуда, зимнан аз ҷониби иштирокчиёни дигар дар кори ҷаласа як зумра масъалаҳои оид ба лоиҳаи “Консепсияҳои тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунандаи кишварҳои аъзои ИДМ”, лоиҳаи “Тавсияҳо оид ба инкишоф додани ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи амнияти иктисодӣ”, лоиҳаи қонунҳои намунавӣ “Дар бораи хариди давлатӣ”, “Дар бораи дороиҳои молиявии рақамӣ”, “Дар бораи рақамикунонии соҳаҳои саноати кишварҳои аъзои ИДМ” ва лоиҳаи қонуни намунавӣ “Дар бораи ҳуқуқу қоидаҳои рақамӣ” – ро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор доданд.

Илова кунед