Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

24 Май 2022, Сешанбе

Паём ба Маҷлиси Олӣ барои пешрафти давлату миллат саҳми муҳим дошта, бинобар ин масъалаҳои муҳими давлатӣ дар он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ироа мешаванд. Паём ба Маҷлиси Олӣ барои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муҳим арзёбӣ шудааст ва он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.
Мувофиқи қисми сеюми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд». Дар моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст «1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад.».
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз соли 2000 то 26 декабри соли 2021 дар муддати 21 сол  ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад. Паём ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро дар бар гирифта, аз ҷумла масъалаи ҳуқуқиро фарогир буда, барои ҳуқуқэҷодкунӣ дар мақоми олии қонунгузорӣ Маҷлиси Олӣ мусоидат менамояд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба инсон таъсири мусбат дошта, хусусияти баланд бардоштани шуурро ба муносибатҳои мусбии ҷамъиятӣ доро буда, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба омма иттилои зарурӣ дода мешавад. Паём барои қавӣ гардонидани андешаҳои миллӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар он дарҷ мегарданд муҳим буда, барои пешрафти илм, фарҳанг, саноат, энергетика, татбиқи ҳуқуқ, ҳуқуқэҷодкунӣ, ихтироъ, илмҳои дақиқ, риёзӣ, гуманитарӣ ва ғайра барои пешрафти онҳо нақши амалӣ дорад.
Тибқи қисми сеюми моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст.
Мувофиқи қисми якуми моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.». Тибқи қисми якуми моддаи 48 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.». Функсияи намояндагӣ ва қонунгузорӣ доштани Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки вакилони Маҷлиси намояндагон бавосита намояндаи халқ дар Маҷлиси намояндагон буда, барои пешрафти ҷомеаи ҳуқуқбунёд бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаи пешниҳоди лоиҳаи қонун ва хулосаҳо саҳми худро мегузоранд.
Дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ савол гузоштан мумкин аст, ки чаро Паём аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа мешавад? Посух чуни наст, ки мувофиқи қисми якуми моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон намояндаи ваколатдори халқ мебошанд.».
21 декабри соли 2021 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди саноат, зиёд шудани ҷойи корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ «Солҳои рушди саноат» эълон карда буданд. «Бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод гардид, ки ҳадди ақали музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад.».
Оид ба самти сиёсати хориҷӣ дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид кардан зарур аст, ки Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлати дунё муносибатҳои дипломати барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ғайра мебошад. Пешниҳод ва ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал « Об – барои рушди устувор, барои 2018-2028» эълон шуда буд. Бо ташабусси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад ва аз ҷониби Юнеско - Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг мероси фарҳангию миллии халқи тоҷик «Фалак» ба Феҳристи мероси фарҳангӣ ва ғайримоддии башарият ворид гардид.
21 декабри соли 2021 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъкид карданд, ки «Танҳо соли 2021-ум 256 коргоҳу корхонаи нав бо 2500 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуд.» «Танҳо аз ҳисоби рушди соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, молияву бонкдорӣ, нақлиёту коммуникатсия ва дигар бахшҳо, бояд то 200 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.» Ин иқдом барои кам кардани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ дар кишвар муҳим буда, зеро таъмин шудан ба ҷойи корӣ ва гирифтани музди меҳнат дар ин ҳолат сатҳи камбизоатӣ низ паст мешавад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷанбаҳои ҳуқуқӣ низ дошта, яке аз асосҳои ҳуқуқэҷодкунӣ дар мақоми олии қонунгузорӣ – парламент ба ҳисоб меравад. Зеро дар Паём ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳое, ки барои муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлат зарурӣ аз ҷониби Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ  ироа карда мешаванд.
21 декабри соли 2021 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳуқуқие, ки татбиқ шудааст, ба монанди «Бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо, аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.» «Дар робита ба ин, замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд.» муқаррар карда шуданд ва ин боиси он гардид, ки ба қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид карда шуда, онҳо аз андозҳо озод карда шуданд.
Паём ба Маҷлиси Олӣ муносибатҳои ҷамъиятиро дар шакли умумӣ дар бар гирифта, мақсади асосии  он масъалаҳои муҳими ҷамъиятии дар он муқарраршуда аз ҷониби мақомотҳои ваколатдори давлатӣ ва шаҳрвандон ҳал карда шаванд ва давлат дар самҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳамеша муваффақ бошад.
 
Ғаюрзода Баҳрулло-
мутахассиси Раёсати ҳуқуқи
Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Илова кунед