Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

25 Май 2022, Чоршанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Баромадкунандагон вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб иброз намуданд, ки ҳадафи асосии лоиҳаи Қонуни мазкур ташаккули чорчӯбаи меъёри ягона ва муназзами низоми банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии рушд мебошад, ки тибқи он меъёрҳои зарурии идоракунии банақшагирии стратегӣ дар Қонуни мазкур муқаррар гардида, раванди банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии рушд аз давраи банақшагирию таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегӣ то амалисозии онҳо ба низом дароварда мешавад.
Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» баррасӣ гардид.


Зимни баромади хеш муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур ва вакили мардумӣ Ашурзода Гулбаҳор таъкид намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур  бо мақсади такмили навгониҳои қонунгузорӣ дар соҳаи муомилоти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва фаъолияти фармасевтӣ, ҷиҳати беҳтар намудани татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо доруҳо ва молҳои тиббӣ нигаронида шуда, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дорӯ, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» аз 10 боб ва 50 модда иборат буда муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти идоракунии давлатӣ, муомилот, назорати сифат, таъминот бо дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтиро танзим намуда, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектони фаъолияти фарматсевтӣ, принсипҳо, ваколат, ҷараёни коркард ва таъминоти иттилоотро дар ин самт муайян менамояд.
 
Масъалаи ниҳоии рӯзнома- лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба вакилони мардумӣ вакил Файзуллозода Зафар муаррифӣ намуда, таъкид намуданд, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади бо низоми муайян анҷом додани савгандёдкунии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ва мутобиқ гардонидани Қонуни конститутсионии мазкур бо дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Илова кунед