Муҳаббат ба Ватан оғози иродати инсонист

25 Май 2022, Чоршанбе

Касе, ки ватани худро дӯст намедорад, чизеро дӯст намедорад
                                                                                              (Бейрон)
Ватан –ифтихор, шаъну шараф, сарвату давлати бебаҳо ва ноёбтарин неъмат барои инсон аст, ки ҳеч ганҷи олам онро иваз карда наметавонад. Ватан мисли замину осмон,офтобу маҳтоб, модар ва  падар барои қисмати ҳар як шахс аз тарафи Худои якто навишта мешавад ва ҳар чизе, ки яктосту тақдири илоҳист, бояд муқаддас ва маҳбуб бошад. Бузургони аҳли тариқати исломӣ ватандориро аз рукнҳои имондорӣ маҳсуб донистаанд. Ватан, миллат, забон, мазҳаб аз муқаддасоти инсонӣ ба ҳисоб рафта, ифтихор аз муқаддасот ва беолоиш нигоҳ доштани он  –фарз барои ҳар як фард аст.
Афрӯхтани шуълаи ифтихори ватандорӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, тозаву ноб ҳифз намудани забони модарӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва  дар мактаб сарчашма мегирад. Ин барномаро дар оила волидон ва дар мактаб  омӯзгорон таъмин менамоянд. Дар ҷобаҷогузории барнома волидони боахлоқу ватандӯст ва омӯзгорони асил ранҷ кашида бошанд, самараи он намунаи ибрат мегардад. Дар бедор ва устувор кардани ҳиссиёти ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва ба нафъи он хизмат кардан дар вуҷуди кӯдакон бехалал тарҳрезӣ шуда бошад, зуҳуроти номатлуби замони муосир ба монанди  қабул ва тақлиди кӯр-кӯронаву  бехаёлонаи фарҳанги бегона, боиси мағзшӯӣ гардидан, шомил шудан ба ҷамъиятҳои ифротӣ ба воқеаҳои чашмрас табдил намеёбад. Барои он ки кӯдакони мо аз муқаддасоти хеш ифтихор намоянд ва баҳри ҳифзу ҳиросати он кӯшо бошанд, бояд аз гузаштаи миллати хеш, аз таърихи он, аз қаҳрамонҳо ва чеҳраҳои мондагори миллат огоҳӣ дошта бошанд. Дар зеҳнияти наврасону ҷавонон вуҷуд доштани иттиллои мукамале оид ба паси сар кардани миллат  шебу фарозҳои таърихиро яке аз омилҳои қавитар шудани муҳаббат ба ватани аҷдодӣ мебошад.
Огоҳии комилро аз асарҳои бузурги таърихиву адабӣ, аз ҷумлаи “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”,”Тоҷикон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ”, “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, “Забон –ҳастии миллат”, “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои истиқлолият”-и Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,   “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров, “Ахтарони адаб”-осори 50 ҷилдаи суханварони гузаштаву муосири тоҷик, ки аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 нашр  шудааст, пайдо карда метавонад, аз ин рӯ бояд ҳар як толибилми тоҷик ин асарҳоро китобҳои  рӯимизии хеш қарор диҳад, гузашта аз ин, ҳар як омӯзгору зиёии миллат аз ин асарҳо огоҳӣ дошта бошанд. Бояд ҳар як насли наврас ва ҷавонони тоҷик бо исми мубораки қофиласолори шеъри форсӣ- Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, шоирону адибон,ки дар фазои адабиёти тоҷик ба ҳайси ахтарони пурҷило роҳи ирфонро ба наслҳо равшан намудаанд, ба  мисли Абуалӣ ибни Сино, Берунӣ,  Фирдавсӣ, Саъдию Камол ва садҳо дигарон ошногӣ дошта, ифтихор аз онҳо намоянд ва дар омӯзиши чунги баёзи ашъори оламгирашон ва ҳикматҳои сабзу созандаашон камари ҳиммат баста бошанд.
Имрӯзҳо, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ хеле арзишҳо дар савдо ҳастанду бузургтарин неъматҳои маънавӣ бар коми нафси аммора фурӯ рафта истодааст, муқаддас доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба он хислатҳои  на ҳар ҷавонмард аст.

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад!

Эҳсоси баланди ватандориро аз мисраъҳои зерини ашъори ноби  Муҳаммад Ғоиб бояд омӯхт, чуноне:

Манам доротарин одам, ватан дорам, ватан дорам,
Ками худро нагӯям кам, ватан дорам, ватан дорам.
Агарчи кулбаам одист, вале дил маскани шодист,
Фараҳ хезад маро аз ғам, ватан дорам, ватан дорам.
Нанолам аз гаронборӣ, напурсам аз касе ёрӣ,
Нагирам қоматамро хам, ватан дорам, ватан дорам.
Ватанро гӯшаи имон бигӯянду Худо додаст
Маро имони мустаҳкам, ватан дорам, ватан дорам.
 
Огоҳӣ аз таъриху фарҳанг ва адабиёти миллат ба ҳеҷ ваҷҳ насли ҷавонро ба раҳгумиву сарсонӣ ва беватанӣ намебарад. Тақозои давр танҳо огоҳии комил аз ин маънавиёт ва муқаддас доштани он аст.
 Дар олам миллати тоҷик аз миллатҳое маҳсуб меёбад, ки дар таърихи кӯҳани хеш борҳо ба вартаи фаношавӣ расида, борҳо эҳё шудааст, баъди ҳар шикасту нокомӣ бо нерӯи худодод, бо ҷонфидоиҳои қаҳрамонҳояш ба пойи худ ва гомҳои устувораш  ба истиқлолияту ваҳдат ва бақои худ мубориза бурда комёб гаштааст. Саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик пур аз ҳамосаҳост ва ёдовар шудан аз он метавонад боиси баланд гаштани ғурури миллӣ ва афзун шудани ҳисси ватндӯстӣ ва дар рӯҳияи далериву шуҷоатмандӣ тарбия ёфтани насли ҷавон гардад. Ҳар замон бояд аз ҳамосаҳову қаҳрамониҳои гузаштагонамон, ки танҳо баҳри истиқлолияти давлат, ягонагӣ ва ваҳдати мутлақи он, нигоҳ доштани якпорчагии марзу буми он ҷоннисориҳо намудаанд,ба ҷавонон ёдоварӣ намоем, то онҳоро шиносанд ва ифтихор дошта бошанд.
“Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд?” –садои пурэҳсоси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланд ба паҳнои кишвар танина андохтааст ва солҳост, ки мардуми бедору огоҳи миллат оид ба посухи ин суолҳо барномарезӣ намуда, аз асарҳои болозикр иттилои комилро барои худ ва фарзандону шогирдони хеш бардоштаанд. Аз ин ҷост, ки дар хронологияи тарбияи ватандӯстии ҷавонон  огоҳӣ аз корнамоиҳои қаҳрамонони халқӣ мавқеи хоса дошта бошад. Бояд ҳар як ҷавони тоҷик донад, ки яке аз гузаштагони миллати мо, саиси саккоӣ Шерак дар замони ҷангу  истибдоди Дорои III бо тадбире  хост зулму шиканҷаро аз сари қавмаш дур намояд ва аскарони бешумори Форсро бо роҳи дуру дарози биёбони беоб  гӯё ба маҳв кардани қабилааш роҳнамоӣ карда, бо ин роҳ зарба ба урдуи душман зад, якояки онҳо дар биёбон нобуд шуданд ва ҷони худро баҳри наҷоти миллату кишвараш аз даст дод. Дар саҳифаи таърих қаҳрамон Спитамен ба муқобили Мақдуниҳо муборизаи беамон бурда, баҳри истиқлолияти меҳанаш ҷонашро фидо намудааст. Чун сари сарзамини тоҷикон аҷнабиҳо ҳар сари вақт ҳуҷумҳои беамон доштанду сарвату давлатро тасарруф намуда, фарҳангу забон ва кешу мазҳаби хешро сари миллати мо иҷборан таҳмил мекарданд, фарзандони фарзонаву шуҷову далер бар муқобили онҳо истодагарӣ менамуданд, ки Деваштичи ҷасур дар таърихи истиллои Араб падидаи маргборе буд барои урдуи Араб. Ё шӯриши Муқаннаъ зидди зулму асорати арабҳо дар саҳифаи таърих аз он гувоҳӣ медиҳад, гузаштагони мо баҳри истиқлолияти давлат ва пойдории он, баҳри муқаддас нигоҳ доштани кешу мазҳаби хеш ҳамосаҳои беназир бурдаанд. Таърих гувоҳ аст, ки замони лашкаршиҳои Чингиз ба Мовароуннаҳру Хуросон айёми хунинтарин маҳсуб меёбад, аз дасти урдуи Чингиз милионҳо нафар кушта шуда, замин саршори хуни мардум гашта буд. Маҳз дар ҳамин давра гузташгони боғурури миллати мо ба ҳимояи ватану миллат бархеста ,бар муқобили душмани ғаддор чун сипар истода, корнамоиҳои бемисл нишон додаанд. Корнамоиҳои беназири Темурмалик бо 1000 нафар баҳодурони хуҷандӣ шоёни таҳсину ибрат аст, ки бар муқобили 5000 нафар аскари муғул мубориза бурда, онҳоро мағлуб намудаанд.
Мисолҳои болозикр гувоҳӣ медиҳанд, ки дар замири мардуми тоҷик меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан аз азал ҷой гирифтааст ва тавассути андешаву ифтихори миллӣ на танҳо забону адабиёту фарҳанги хешро густариш доданд, балки бо асолати тамаддунсозиву бунёдкорӣ ҳастии миллат ва нигоҳдории сарзамини аҷдодии худро таъмин карда тавонистанд.
 
Ҷавҳарӣ  Муҷибахон Одил - вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ
 

Илова кунед