Дар Душанбе мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Олег Белоконев доир гардид

26 Май 2022, Панҷшанбе

5- 7 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид ва ҷаласаи 15-уми он  моҳи июни соли 2022 дар Минск баргузор мешавад-гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқот бо роҳбари гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Белоконев ва ҳайати ҳамроҳони ӯ.
Маҳмадтоир Зокирзода  иброз кард, ки  муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус  5 сентябри соли 1996 барқарор гардида, дар ин росто мо ба ҳамкориҳои хуби дуҷониба ноил гардидем ва ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Беларус асосан дар чаҳорчӯби кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис ёфта, инчунин санадҳои қабулшудаи ду кишвар дар бахшҳои мухталифи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ муайян шудаанд.
Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки «ман ташаббуси ҳамкасби худ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Беларус  Владимир Андрейченкоро оид ба баргузор намудани конфронси байналмилалии парлумонӣ дар Минск рӯзҳои 14-15 июни соли ҷорӣ -
«Хотираи таърихӣ»-« Ғалабаи бузург бо ягонагӣ ба даст омад» хеле қадр мекунам ва истиқбол мекунам. Мехоҳам шуморо итминон диҳам, ки дар ин конфронс ҳайати парлумонии парлумони мо бешубҳа иштирок хоҳад кард».
Ҷумҳурии Беларус дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол мекунад ва мо ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дуҷониба манфиатдорем.       
Зикр гардид, ки миёни ин ду давлат зиёда аз 90 шартномаву созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки барои бомуваффақият рушд ва амиқтар шудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра имкон медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, имкони мавҷудаи порлумонҳои ду кишвар дар пешбурди масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Беларус, бахусус дар сатҳи минтақавӣ, ба таври комил истифода намешавад. Дар байни тамоми самтҳои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус соҳаи гуманитарӣ мебошад, ки масъалаҳои ҳаётан муҳими фарҳанг, маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, иттилоот ва муносибатҳои иҷтимоию меҳнатиро дар бар мегирад, ки яке аз ҷойҳои афзалиятнокро ишғол мекунад.
Робитаҳои гуманитарии Тоҷикистону Беларус фаъолона инкишоф меёбанд. Солҳои охир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Беларус таҳсил мекунанд, аз ҷумла дар доираи факултетҳои муштараки таъсисдода хеле зиёд шудааст. Ҳоло дар доираи беш аз 13 созишномаи байни донишгоҳҳо робитаҳои байни донишгоҳҳои Тоҷикистону Беларус амалӣ мешаванд. Имрӯз дар донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсуси Белорус таҳсил кардани ҷавонони тоҷик хеле муътабар аст, ба маълумоти мо, имрӯз дар ин донишкадаҳо зиёда аз 1800 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Худи ҳамин рӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон, Роҳбари  гуруҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Беларус Маҳмадалӣ Ватанзода бо ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Белорус мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки аз соли 2011 Шӯрои кории Тоҷикистон-Беларус амал менамояд. Робитаҳои фарҳангии байниҳамдигарӣ нисбатан рушд ёфта, ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, илм ва тандурустӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар моҳи сенябри соли 2012 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ факултаи Донишгоҳи миллии техникии Беларус фаъолияти худро оғоз намудааст. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯёни тоҷик фиристода мешаванд.
Дар маҷмӯъ вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус раванди мунтазами вусъатёбиро дорад. Дар он ҷараёни амалисозии кӯшишҳои тарафайни кишварҳо ҷиҳати боз ҳам зичтар намудани ҳамкориҳои гуногунҷанба мувофиқи имконият ва ниёзҳои ҳарду давлат ба мушоҳида мерасад.

Илова кунед