Муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид

26 Май 2022, Панҷшанбе

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо ташаббуси кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагон, иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии обуҳавошиносӣ  муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ)  «доир гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон Сураё Дустмуродзода зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид намуд, ки бо мақсади самаранок ва мақсаднок татбиқ намудани лоиҳаи мазкур  Гуруҳи татбиқи лоиҳа дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии обуҳавошиносӣ ва Бонки Осиёгии Рушдро ба роҳбарӣ гирифта, ҳамкориро бо дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба роҳ мондааст.


Гуруҳи татбиқи лоиҳа дар якҷоягӣ бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа ва мақсадҳои дар назди лоиҳа гузошташударо мавриди баррасӣ қарор дода, барои саривақт амалӣ гардидани онҳо чорабиниҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Дар доираи татбиқи лоиҳа  чорабиниҳои зерин амалӣ карда шуданд:
Бо мақсади татбиқи саривақтии лоиҳа, тибқи тартиботи муқарраргардида Низомномаи фаъолияти Гурўҳи татбиқи лоиҳа омода гардида, аз ҷониби Агентии иҷроия тасдиқ карда шуд.
Ҷиҳати саривақт татбиқ намудани лоиҳа, Гурўҳи татбиқи лоиҳа таъсис дода шуда, тибқи тартиби муқарраргардида 12 нафар мутахассисони миллӣ ба кор ҷалб карда шуданд.
Барои ҳамоҳангсозии корҳои лоиҳа тибқи талаботи Бонки Осиёгии Рушд, дар асоси озмун ширкати байналмилалии мушовирии FCG (Финляндия) интихоб гардида, санаи 5 июни соли 2019 байни ширкати мазкур ва Агентии обуҳавошиносӣ қарордод ба имзо расид. Дар доираи қарордоди мазкур 6 нафар мушовирони байналмилалӣ ва 6 нафар мушовирони миллӣ ба кор ҷалб гардиданд. 
Яке аз самтҳои татбиқи лоиҳа ин таҷдиди бинои асосӣ ва хизматрасонии Агентии обуҳавошиносӣ ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки ба тавозуни Агентии обуҳавошиносӣ гузаронидани иншооти сохтмонаш нотамоми “Корпуси муҳандисию озмоишии обуҳавошиносӣ” талаботи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд ба шумор мерафт.

Дар доираи қисмати беҳтар намудани системаи  пешгўӣ ва огоҳкунии ҳодисаҳои обхезӣ дар  ҳавзаи дарёи Панҷ номгўи таҷҳизоти обуҳавошиносӣ барои минтақаҳои пилотӣ (дидбонгоҳҳо ва стансияҳои обуҳавошиносӣ) дар ҳамкорӣ бо мушовирони байналмилалӣ ва кормандони масъули Агентии обуҳавошиносӣ бо Агентии иҷроия омода гардида истодаанд.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин ҳамчунин Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Рустам Латифзода, Директори Гурўҳи татбиқи лоиҳаи мазкур Муҳибулло Ҷунайдов баромад намуданд.
Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ роҷеъ ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд.






  
 

Илова кунед