Роҳбари гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Белоконев аз шаҳри Ҳисор дидан намуданд
26 Май 2022, ПанҷшанбеИмрӯз баъди нисфирӯзи роҳбари гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Белоконев ва ҳайати ҳамроҳони ӯ таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода аз корхонаи «Агротехсервис», майдони «Регистон» ва қалъаи Ҳисори шаҳри Ҳисор дидан намуданд.
Меҳмононро Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар истиқбол намуда, иброз намуд, ки меҳмонони олиқадр аз кори боғдорону кишоварзони ноҳия дидан намуда, дар дастрасии технологияи навин дар истеҳсолот мусоидат менамоянд ва ҳамкориро дар самти кишоварзӣ ва содироти меваву сабзавот ба давлати Беларусия тақвият мебахшанд.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки сатҳи ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус тамоюли мунтазами болоравиро дорад ва асосан дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис шудааст, баррасӣ мегардад.




Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон