Вакилони парлумони Беларус аз неругоҳи барқи обии Норак дидан намуданд.
27 Май 2022, ҶумъаРоҳбари гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Белоконев ва ҳайати ҳамроҳони ӯ таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон, Роҳбари гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Беларус Маҳмадалӣ Ватанзода аз шаҳри Норак дидан намуданд.
Зимни мулокот бо роҳбарияти ин корхонаи азим таъкид карда шуд, ки Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт - ро ташкил медиҳад.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон