Ҷавондухтарон аз Маҷлиси намояндагон дидан намуданд

27 Май 2022, Ҷумъа

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақшаи моҳвораи ҷавонон дар Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат, ҷалб намудани занону духтарон ба чорабиниҳои давлатию ҷамъият, ҷиҳати ба ҳаёти мустақилона омода намудану дар рӯҳияи  ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, дар шуури онҳо бедор кардани фарҳанги оиладорӣ, риояи талаботи қонунҳои милии амалкунандаи ҷумҳурӣ, тарғиби фарҳанги  миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва ташаккули малакаву маҳорати роҳбарӣ дар онҳо, баргузории «Аввалин мактаби сайёри ҷавондухтари роҳбар» - ро ба нақша гирифтааст.
Боиси қайд аст, ки шунавандагон тариқи озмун интихоб гардида, танҳо 40 нафар ҷавондухтарон ва бонувони фаъол имконияти иштирок карданро пайдо карда метавонанд.
Дар раванди баргузории чорабинии мазкур ҷавондухтарон имкон пайдо мекунанд, ки бо фаъолияту таҷриба ва усулҳои кории занони роҳбар дар корҷояшон аз наздик шинос шуда, атрофи мавзуъҳои муайяншуда дар соҳа ва самти фаъолияташон сабақ омузанд.
Имрӯз дар доираи чорабинии мазкур 40 нафар ҷавондухтарон, ки «Аввалин мактаби сайёри ҷавондухтари роҳбар»-ро хатм намуданд аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Ҷавондухтарон тибқи нақша аз китобхона, осорхона ва толори ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва толорҳои таърихии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Зимни мулоқот бо ҷавондухтарон Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқӣ, Сумангул Тағойзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Сураё Дӯстмуродзода ва Парвина Маликзод иброз намуданд, ки андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.
Дар интиҳо вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳои сершумори ҷавондухтарони болаёқат посух гуфтанд.











Илова кунед