Эй ҳамдиёри ман, ваҳдат наҷоти мост

31 Май 2022, Сешанбе

Ваҳдат ин осмони софу мубаррои меҳан, шукуфазори пурнакҳати боғҳои Душанбеву Хуҷанду Бохтару Хоруғу Рашт  аст. Ваҳдат ин файзи зардолузори ғарқи гули Исфара, сабзкулоҳии дарахтони себи Раштонзамин, доманакӯҳи пур аз лолаи Кӯлобу Дарвозу Ҳисору Шаҳристон ва кулли манзараҳои аз биҳишт ранггирифтаи Тоҷикистон аст.
Ҳангоме дарёву кулҳо саршор аз обанд ва бар ниёзи даштҳои лабташна мешоранд нишон аз ваҳдат аст. Замоне мазрааҳои гандум аз насими саҳро мавҷ мезанад ва хотири деҳқон аз ин чашмандози пурбаракат ва анбори пурфайз ҷамъу ҷур аст, таронаи ваҳдат суруда шудааст.
 Алвонҷи ливои муқаддаси миллат ва зери партави он ҷараён гирифтани низоми ҳаёти мардуми осоишта намоди олӣ аз ваҳдат аст.
Бо садои пурҳидояти шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлол кардани Сарвари давлат ва бо он садо ҳамҷур гаштани таппиши қалби ҳар як ватандор ва оғози  рӯзи нав , башорат аз ваҳдат аст.
Рушди бомароми иқтисоди кишвар ва зиндагии шоистаи мардум аз баракати ваҳдат аст.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ санаи 27 июни соли 1997 ва тавассути азму иродаи қавии халқи тоҷик ва талошҳои пайвастаи фарзанди бедордилу дурандеши ин сарзамини бостонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Роҳбари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу ваҳдат ва якдилию ҳамдигарфаҳмӣ тантана кард ва созишу муросо миёни тоҷикон чун таҷрибаи нодиру пурарзиши фарҳанги сулҳ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гашт.  Дар ин бора муншии умумии СММ Кофи Анан дар конгреси умумиҷаҳонии матбуоти рус 22 июни соли 1999 зикр карда буд: "Тоҷикистон барои бисёр миллатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дорад. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад". Яъне мактаби бузурги меъмории ваҳдату суботи Тоҷикистон, ки асосгузораш Пешвои миллатанд, боиси омӯзиш ва пажӯҳиш аст, ки сиёсатмадорони ҷаҳонӣ низ онро  эътироф кардаанд ва дар навбати хеш  барои ҳар фарди тоҷик муқаддас ва омӯзанда мебошад. Таомуле дар мабнои ваҳдати миллӣ мо, мардуми тоҷик бояд дошта бошем, ки кулли андешаҳои фарогири як маҳалро аз байн барем ва барои воҳиду якпорчагии Тоҷикистон, дар тозаву пок ва рӯ ба рушд нигоҳ доштани забони миллӣ,  ҳифз ва такмил бахшидан ба  фарҳангу суннатҳои миллӣ ва муқаддас доштани ҳар як порчаи сарзамини кишвар ва ҳимояи он аз ҳамагуна нотавонбинони дохиливу хориҷӣ саъй ва мкӯшиш намоем. Зеро ин вижагиҳо дар маҷмӯъ таърифи миллат аст. Дар таърифи миллат файласуфи олмонӣ Юҳан Готфрид Ҳердер гуфтааст: “Миллат дорои як рӯҳи миллӣ ва хусусияти ҳамагонии нажодӣ, динӣ ва забонӣ мебошад”. Минбаъд дар атрофи ин хусусиятҳои миллӣ бояд ҳамагӣ ваҳдат дошта бошем!
Беасос ҳам нест, агар бигӯем, ки миллати тоҷик дорои як рӯҳи миллӣ аст. Ба тақвияти ин афкор мисол метавон овард аз вокунишҳо ва  иттиҳоди назару нерӯ кардани як миллат, новобаста аз маҳаллу навоҳӣ ба мушкилии марзӣ, ки соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста буд. Ин худ  башоратест дар беҳтарин сурат, аз ваҳдату якдилӣ, ки комил будани миллатро исбот намудааст. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос байти устоди сухан Саъдии Шерозӣ босадову бесадо рӯйи забони аксарият замзама мегашт:

Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, гар дар миёни хоку хун бинӣ саре!

Воқеан, ҳаводиси мазкур рамзи он буд, ки миллати тоҷик аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузашта ва  аз мактаби бузурги ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақҳо бардоштаву ҳадафҳои фардиву маҳалли худро ба ҳадафи ягона ва умумии миллӣ бадал намудааст. Агар лозим ояд, бо ҳамбастагии тамом барои ҳифзи давлату миллат ба по мехезад. Дар арсаҳои байналмиллалӣ на чун намояндаи як маҳалу минтақа, на чун узви як ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф баромад мекунад, балки аз унвони як миллати комил ва намояндаи Тоҷикистон афкори ҷомеаи Тоқикистонро муаррифӣ менамояд.

Эй ҳамдиёри ман, ваҳдат наҷоти мост,
Ваҳдат сиришти мо, ваҳдат ҳаёти мост.
Ин вожаро ба лаб бо коми шуста гир,
Бар қиблаи умед ваҳдат салоти мост.
 
Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил-вакили
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ.

Илова кунед