Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту илова ворид карда шуд.

01 Июн 2022, Чоршанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар иҷлосия Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ворид намудани тағйир ба Созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки 13 майи соли 2004 дар Исломобод ба имзо расонида шуд ба тасвиб расид.
Зимни баромади муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим ва вакили мардумӣ Ашурзода Ғиёсиддин таъкид карда шуд, ки мақсад аз қабули Протокол ин мукаммалгардонӣ ва рушди табодули ахборот байни мақомоти андози давлатҳо барои аз байн бурдани саркашӣ аз супоридани андозҳо мебошад. Инчунин маҳдудияти табодули иттилоот байни тарафҳо дар асоси тағйироти воридгардида аз байн бардошта мешавад.
Созишномаи мазкур 13 майи соли 2004 дар шаҳри Исломобод ба имзо расида, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2005 ба тавсиб расида, 6 майи соли 2005 эътибор пайдо намудааст.


Лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағийрот ба моддаи 25 Созишнома, ки аз ҷониби Покистон пешниҳод шудааст, дар доираи муқаррароти модели Конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя (OECD) таҳия гардидааст.
Протоколи мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгў мебошад.
Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» мавриди баррасӣ қарор гирифта аз рӯи ҳамаи масъалаҳои болозикр қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло, вакилони мардумӣ Обидзода Фозил, Мирзозода Мавлудахон, Аҳмадзода Бахтиёр,  Маҳмудзода Музаффар муаррифӣ намуданд.

Илова кунед