Имрӯз-рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон.

01 Июн 2022, Чоршанбе

Кӯдакон насли ояндасози миллат
Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола  санаи 1 июн дар ҷумҳурӣ ҳамчун рӯзи байналмилаии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон таҷлил мегардад ва он ба ҳукми анъана даромадааст.  
Кудакон ба ҳуқуқ ва  ҳимоя  ниёз доранд.  Аҳамияти  ҳимояи афзалиятноки  манфиатҳои кӯдакон  ҳамчун принсипи ҳуқуқи оилавӣ  ба расмият дароварда шудааст.
Принсипи дигари муҳимми ҳуқуқи оилавиӣ  ин ҳуқуқи кӯдак барои зиндагӣ ва тарбия гирифтан  дар оила мебошад. Ҳамзамон, дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар сатҳи конститутсионӣ ба  кӯдакон ҳимояи махсус аз ҷониби давлат кафолат дода мешаванд (моддаҳои 33-34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Чунин меъёр тамоман табъиз нест, балки ҳамчун қонуният амал карда, ба талаботи адолат ҷавобгӯ мебошад ва  аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешавад.
Тавре Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки «...кӯдакон ва наврасоне, ки ба синни балоғат нарасидаанд, пеш аз зиндагии мустақилона бояд дар иҳотаи ғамхории доимии мақомоти масъули давлатӣ бошанд».
 Мутаассифона, татбиқи ин ҳуқуқ на ҳамеша имконпазир аст, зеро волидайн метавонанд фавтанд,  фавтида эътироф шаванд, гумшуда, ғайри қобили амал, аз ҳуқуқи волидайн маҳрумшуда  ва ғайра  бошанд.
Кӯдаконе, ки бидуни  парастории  волидон  мондаанд, қисми осебпазири ноболиғон буда, бинобар ҷалб нагардидан ба раванди таълим, метавонанд объекти амалҳои ғайриқонунӣ бошанд, зеро  намояндаи қонунии худро надоранд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳояшонро ҳимоя намояд.
Вобаста ба ин, зарурати ҳифзи муносиби ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакони бепарастор ба миён омадааст, ки бидуни фаъолияти фаврии мақомоти васоят ва парасторӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони муассисаҳои таълимӣ ва шахсони манфиатдор ғайриимкон аст.
Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли   2011 Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ва   Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак»-ро соли 2015 қабул кард, ки он  масъулияти волидайн ва шахсони  онҳоро иваз мекунанд, пурзӯр кард.
Таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти оила, дар маҷмӯъ ва хусусан кӯдакон бо эълони соли 2015 ҳамчун «Соли оила» ифода ёфтааст. Ба ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1989 иштирокчии  Конвенсияи оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошад ва аз соли 1993 инҷониб давра ба давра дар бораи татбиқи он ҳисоботи миллӣ пешниҳод менамояд. Ҳисоботи пешниҳодшуда мавҷудияти мушкилоти марбут ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакони бепарасторро дар бар мегирад. Набудани чораҳои зарурӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакони бидуни парастории падару модар монда  татбиқи тадбирҳои ҳамаҷонибаро тақозо менамояд, ки дар байни онҳо такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи басо муҳимро ишғол менамояд.
Ғайр аз ин, таҳлили амиқ ва ҳамаҷонибаи меъёрҳои Кодекси оила, Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак», Низомнома дар бораи мақомоти васоят ва парасторӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки заминаи ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки бе парастор мондаро  дар бар мегиранд, зарур аст.
Кӯдакон ояндаи давлату миллат буда, онҳо шахсоне мебошанд, ки дорои ҳуқуқ ва вобаста ба синну солашон ба ҳимоя ниёз доранд. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, Ҳукумати Тоҷикистон аз ибтидои давраи истиқлолияти давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 35 фоизи сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Зикр намулан бамврид аст, ки аз ҷониби мақоми олии қонунгузори кишвар Парлумони Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  дар ин самт қабул гардид. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқукҳои кӯдак», Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моддаҳои 122-158- и  он бевосита ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бахшида шудааст.
Дар ин санадҳои мазкур ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ, ба ҳифзи саломатӣ, ба шахсият, озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ба моликият, ба манзил, ба таҳсил, ба меҳнат, ба истироҳат ва фароғат, ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ ва тарбия дар оила ва ғайраҳо дарҷ гардида, давлат ҳамаи ин ҳуқуқҳоро барои кӯдакон муқаррар намудааст.   
Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷойи  кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати кишвар то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андешида шудаанд. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвари мо бо таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон мебошад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ кафолат медиҳад.
Боиси қайд аст, ки аз ҷониби давлату ҳукумат барои амалишавии  орзуву ормонҳои кӯдакон бахусус кӯдакони ятиму бепарастор дилсӯзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи мулоқоту сӯҳбатҳои худ аҳли ҷомеаро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор даъват намуда, дар ин радиф барои таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдоми хайрхоҳона зоҳир менамоянд. Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон қадам ба қадам амалӣ мегардонад. Ба ҷомеаи мутамаддин аз рӯи меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кӯдакони ятиму маъюбон ва мӯйсафедон чӣ гуна муносибат мекунанд. Аз ин рӯ, танҳо саъю талоши дастаҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад ба зиндагии фарзандони кишвар хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад.  Аз ин лиҳоз,  набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати рушду такомул ва зиндагии шоистаи кӯдакон тамоми шароитхо муҳайё гардида, садҳо муассисаҳои томактабиву миёнаи дорои тамоми шароитҳо, майдончаҳои варзишиву сексияҳои гуногуни спортӣ аз руи намудҳои гуногуни варзиши ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ, баргузории озмунҳои гуногуни илмиву бадеӣ, ки дар ташаккули зеҳнияти кӯдакон саҳми бориз гузошт, ташкил гардидаааст. 
Боварӣ дорам, ки кӯдакон ҳамчун насли нави ояндасози миллат баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон садоқатмандона саъю кӯшиш намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло баҳри  баланд бардоштани нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳм мегузоранд. Дар муққадимаи Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак омадааст: «Кӯдак бояд дар фазои саршор аз хушбахтӣ, муҳаббат ва тафоҳум бузург шавад».
Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи кӯдакони ҷумҳуриро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки дар оянда номбардори асили миллат ва Ватани хеш гарданд.
 
Солеҳа Холмаҳмадзода
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед