«Китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”- қомуси миллати тоҷик”

03 Июн 2022, Ҷумъа

Имрӯз таҳти раёсати Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Саторзода бо иштироки кормандони масъули Дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор хониши парлумонӣ дар мавзӯи «Китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”- қомуси миллати тоҷик” баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин номзадҳои илми таърих, олимони шинохта Нозим Ҳакимов ва Ҷонибеки Асрориён баромад намуда, иброз намуданд, ки китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд.

Академик Бобоҷон Ғафуров ягона олими тоҷик буд, ки ӯро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар Шарқ, хуб мешинохтанд. Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз соли 1978 қабри Ғафуровро зиёрат карда чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди бузургтарини Машриқзамин мебошад». Ҳамин тавр, натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм дар он аст, ки ӯ исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад, марди оқилу хирад дар ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик саҳми худро гузошт. Таҷрибаи таърихии халқи тоҷик, ки устод Бобоҷон Ғафуров онро дар асарҳои худ объективона таҳлил ва ҷамъбаст намудааст.

Баромадкунандагон ҳамчунин иброз намуданд, ки бе надонистани таърихи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодааст.
Дар китоби мазкур таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардидааст. Китоби «Тоҷикон» аз муқаддима ва 6 фасл иборат буда, аз сохти ҷамъияти ибтидоӣ то ба Россия ҳамроҳшавии тоҷикон ба таври возеҳ, бо санаву рӯйдодҳои муҳими таърихӣ дар он ҷой дода шудаанд. Меҳнати якумраи Бобоҷон Ғафуров дар ин китоб инъикос гардидааст . Китоби «Тоҷикон», воқеан, ифшогари аслу вуҷуди миллати тоҷик аст.
Дар интиҳо Нозим Ҳакимов ва Ҷонибеки Асрориён ба саволҳои сершумори ҳозирин посух гуфтанд.







Илова кунед