Никол Пашинян Сарони парлумонҳои аъзои СААД-ро ба ҳузур пазируфт

06 Июн 2022, Душанбе

Нимаи дуюми рузи 6-июн, пеш аз оғози кори ҷаласаи  сайёри Шӯрои Ассамблеяи Баӣнипарламентии Созмони Аҳдномаи Амниятӣ Дастаҷамъӣ  Сарони парлумонҳои  ин Созмони бонуфузро Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ба ҳузур пазируфт.
Никол Пашинян Сарони парлумонҳои аъзои СААД-ро ба Ҷумҳурии Арманистон пазируфта бо гузаронидани маъракаи муҳими сиёсию амниятии минтақа ба хусус таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони имрӯзаи муосир  хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср, дар ҳамбастагӣ тақозо намуд.  
 «-Пеш аз ҳама, ичозат диҳед саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Шумо расонида, аз фурсат истифода бурда, ба Шумо барои саҳми бузургатон дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арманистон  изҳори сипос намоям»-гуфт зимни ин мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.
Итминон дорам, ки имрӯз дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мо, вакилони порлумон имкон дорем, ки доир ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба, минтақавию байналмилалӣ изҳори андеша намоем.
Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ бо Арманистон аҳамияти хоса медиҳад ва мо аз сатҳи кунунии муколамаи сиёсӣ қаноатмандем.
Мамлакатҳои мо дар солҳои истиклолият ба дӯстони боз хам бузургтаре табдил ёфтанд, ки масъалахои конкретии хамкории дутарафаро бомуваффақият ҳал мекунанд ва дар арсаи байналхалкӣ ҳамкории фаъолона доранд.
Тавре ба ҳама маълум аст, соли гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати ин созмонро бар ӯҳда дошт.
Дар ин замина мо як қатор тадбирҳоро муайян кардем, ки барои васеъ намудани доираи ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар доираи Созмон ҳал мешаванд, пешбинӣ шудаанд.
Мо итминон дорем, ки кори муштараки хуб ҳамоҳангшудаи мо дар самти пешрафти амалии тамоми маҷмӯи вазифаҳое, ки дар назди мо ҳамчун вакилони парлумон истодаанд, омили такони иловагӣ ва динамизм ба фаъолияти Созмон мегардад.
Моҳи сентябри соли гузашта Арманистон раёсати Созмони Аҳдномаи  Амнияти Дастаҷамъӣ  барои солҳои 2021-2022-ро бар ӯҳда гирифт.
Таҳти раёсати кишвари Шумо соли ҷорӣ барои ҳамаи мо, кишварҳои узви СААД хеле муҳим аст, имсол санаи ҷашнӣ, 30-умин солгарди имзои СААД ва 20-умин солгарди таъсиси СААД мебошад.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъқид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мавқеи махсусро ишғол намуда, дар таҳияи созишномаҳои нав, рушди робитаҳои амалӣ оид ба ташаккул ва рушди чорабиниҳои умумии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ оид ба мубориза бо таҳдидҳои дар назди СААД пайдошуда саҳми арзанда дорад.

Илова кунед