Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Япония ҷаноби Таро Ҳонда мулоқот намуд

06 Июн 2022, Душанбе

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Япония ҷаноби Таро Ҳонда, Сафири фавқуллода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аики Тосихиро ва ҳамроҳонашон мулоқот намуд.

Зимни мулоқот муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода таърихи 30 солаи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоро таҳлил намуда, онро мусбӣ арзёби намуд.

Рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо сафари  расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Япония ба шумор меравад, ки он дар  сатҳи баланд баргузор гардида, барои рушди  муносибатҳои дуҷонибаю ҳамкориҳо дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ заминаи боэътимод ба вуҷуд овардаанд.

Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 63 созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

Гардиши мол байни ду кишвар дар 2018 беш аз 68 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Вале ҳамаи ин ҳанӯз кофӣ нест, зеро дар кишварҳоямон, алалхусус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, захираву имкониятҳои зиёде вуҷуд доранд, ки метавонанд ба рушди босубот ва равнақи бамаротиб бештари иқтисодии кишварҳоямон мусоидат кунанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония дар соҳаи маориф рушд ёфта, тавасути «Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ» (JDS) амалӣ мегарданд.

Омили дигари муҳим барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, фаъолияти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) мебошад, ки дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

Дар вохӯрӣ оид ба авзои минтақа ва роҳҳои мубориза ба муқобили террроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ ибрози ақида карда шуд.

Қайд карда шуд, ки самаранокии муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аз муносибатҳои байнипарламентӣ низ вобастагӣ дорад.

Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Парламенти Япония соли 2008 таъсис ёфта, имрӯз низ барои рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ хизмат намуда истодааст.

Умед дорем, ки алоқаҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистону Япония минбаъд низ дар таҳкиму суботи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳарду кишвар ва густариши робитаҳои байнидавлатӣ нақши муҳим хоҳанд бозид.

Муовини вазири корҳои хориҷии Япония ҷаноби Таро Ҳонда аз ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон изҳори хушнудӣ оид ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ, мубориза ба муқобили терроризм ва таъмини амнияти минтақа изҳори ақида намуда, қайд кард, ки дар оянда низ барои тақвияти муносибатҳои  байнипарламентӣ бояд кӯшишҳо намуд.

Дар мулоқот аъзои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Парламенти Япония Ҳакимзода Шариф, Назирӣ Гулбаҳор ва Маликзод Парвина ширкат намуданд.

Мулоқот дар рӯҳияи якдигарфаҳмӣ ва созандагӣ ҷараён гирифт.

 


Илова кунед