Мулоқоти Файзулло Машраб бо Сенати Фаронса Эрве Море
07 Июн 2022, СешанбеИмрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иктисод ва молия Файзулло Машраб бо сиёсатмадори шинохта, Сенатори Фаронса Эрве Море ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.
Зимни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо доир ба роҳу василаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан тариқи афзоиши табодули сафарҳои намояндагони баландпояи Тоҷикистон ва Фаронса мубодилаи афкор намуданд.
Дар рафти сӯҳбат таваҷҷуҳи ҷониби Фаронса ба иқтидору имкониятҳои фаровони рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг ҷалб карда шуд. Дар ин радиф, аҳамияти тавсеаи пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои мутақобилаи байни Тоҷикистон ва Фаронса барои ғанигардонии ҳамкориҳо бо мазмуну мундариҷаи мушаххас таъкид гардид.
Вохӯрӣ ба таври созанда сурат гирифта, дар он атрофи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи ҷиддӣ ва ошкоро сурат гирифт.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон