«Парламенти ҷавон – назаре ба ояндаи Иттиҳод»
10 Июн 2022, ҶумъаИмрӯз дар Қасри Таврическиӣ, қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Форуми байнипарлумонии ҷавонони ИДМ таҳти унвони «Парламенти ҷавон – назаре ба ояндаи Иттиҳод» баргузор гардид.
Дар радифи дигар кишварҳои пешрафта, дар ҳамоиши мазкур як зумра ҷавонони лаёқатманди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар қисми назариявии форум мизҳои мудаввар оид ба ҷанбаҳои гуногуни сиёсати ҷавонон дар кишварҳои ИДМ баррасӣ гардид.
Сармутахассиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббати Камол аз таҷрибаи худ дар самти рушди сиёсати ҷавонон дар кишвараш нақл кард. Мавсуф оид ба баргузории Соли ҷавонон дар соли 2017, ки ба таҳкими нақши ҷавонон дар ҷомеа мусоидат намуд, инчунин қабули қонуни нав «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ки заминаи қонунгузориро барои ҳалли масъалаҳои мазкур фароҳам овард, суханронӣ намуд.
Муҳаббати Камол ба қонунҳои «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, заминаи ҳуқуқии ҷалби намояндагони ҷавононро ба мақомоти қонунгузори ҳокимият баррасӣ намуд.
Суҳайл Сӯфиев, сармутахассиси Раёсати ҷалби грантҳои Академияи идоракунии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши дипломатияи ҷамъиятии ҷавононро дар ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ қаӣд намуд. Вай аз ҷумла ба масъалаҳои мубориза бо терроризм дахл намуда, ба ҳамкориҳои мутақобила дар ин масъала дар фазои ИДМ ахбороти муфассал дод.
Маърӯзаҳои омӯзгори мактаби бачагона Мария Миткина «Забони русӣ ва усулҳои нигоҳдории он дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва мутахассиси пешбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Дустов «Инкишофи забони русй дар Точикистон» боиси таваҷҷӯҳи зиёд гардиданд.
Мавқеъ ва саҳми ҷавонони тоҷик дар раванди ҳифзи мероси фарҳангӣ ва рушди ҳунари мардумӣ аз ҷониби ҷомеа ва дар сатҳи давлатӣ баҳои баланд дорад.
Зоир Раҳмонзода ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷавонони тоҷик воқеан ҳам пайрави Пешвои миллат – Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буда ва барандаи ғояҳои созандаи давлати рӯ ба тараққӣ гардида истодаанд.
Бар асоси ин мафкураи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи марзу бум, арзишҳои миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ хеле муассир арзёбӣ мешавад.