Маҳмадтоир Зокирзода бо Ленни Монтиел мулоқот намуд.

28 Июн 2022, Сешанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Роҳбари намояндагии Барномаи Рушди Созмони Милаллӣ Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ленни Монтиел мулоқот намуд.
 «-Шуморо итминон медиҳам, ки Парлумон омода аст ҳамкориро бо Барномаи Рушди Созмони Милаллӣ Муттаҳид дар шакли нав таҳким бахшад ва дар иҷрои ин вазифаи наҷиб ба Шумо ҳамаҷониба кумак намояд», -гуфт дар оғози мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода.
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешгузаштаи Шумо хонум Пратибҳа Меҳта ҳамкории хеле  судманд доштанд ва мо дар ҳамкорӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гардидем.
Мо махсусан кумаки фаврии Барномаи Рушди Созмони Милаллӣ Муттаҳид, дар вокуниши муассир ба пандемияи COVID-19 дар кишварро дар ду соли охир хеле хуб эҳсос кардем. Барои дастгирии ҳамоҳангсозии самарабахши миллӣ ба Шумо  изҳори сипос менамоем.
Қобили зикр аст, ки мо кумаки техникӣ ва амалии Барномаи рушдро  дар таҳияи Стратегияи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва пешбурди афзалиятҳои кишвар дар самтҳои марбут ба рушди иҷтимоию  иқтисодӣ, инчунин Ҳадафҳои Рушди Устувор қадрдонӣ менамоем.
Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки саҳми арзандаи Барномаи мазкур дар баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе, аз қабили Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва радикализм» (3-4 майи соли 2018) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм, татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (20-22 июни 2018), инчунин Конфронси 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028,  (6-9 июни соли 2022) дар пойтахти моро зикр кардан лозим аст.
Дар робита ба ин, аҳамияти талошҳои Шуморо ҷиҳати таҳияи Барномаи кишвар барои солҳои 2023-2026 таъкид намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар ин раванд изҳор менамоем. Ин хуҷҷат бояд нисбатан васеъ ва фарогир бошад.
Мо дар иҷрои Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ устувор боқӣ мемонем.
Бовар дорем, ки таҳти роҳбарии Шумо Барномаи Рушди Созмони Милаллӣ Муттаҳид,  дастгирии кишварро дар татбиқи Стратегияи миёнамӯҳлат ва дарозмуддати миллии рушд  барои солҳои 2020-2030, ташаббусҳо дар соҳаи захираҳои об ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, нчунин дар ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои рушди ҷаҳонии Тоҷикистон идома медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои густариши робитаҳо ва ҳамкорӣ бо  СММ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро  баррасӣ намуданд.

Илова кунед