Вакилони мардумӣ бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд

29 Июн 2022, Чоршанбе

Имрӯз пас аз анҷоми  ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода барои хизматҳо дар рушд ва таҳкими парламентаризм, саҳмгузорӣ дар рушд ва такмили асосҳои ҳуқуқии фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустаќил, таҳкими робитаҳои байналмилалї ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ, бо медалҳои ҷашнӣ ва нишонҳои сарисинагии хотиравии  30-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаќил ва бо нишон ва ифтихорномаҳои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба чанд нафар вакилони Маҷлиси намояндагон медалу «Ифтихорномаҳои фахрии» Ассамблеяи Баӣнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар ҳолати тантанавӣ тақдим намуд.

Илова кунед