Пандемияҳои ҷаҳонӣ ва осебпазирии иқтисодиёт

20 Май 2020, Чоршанбе

Аз ибтидои тамадуни башарӣ то имрўз инсоният се ҳолати асосии нобасомонӣ: қаҳтию гуруснагӣ, маргумири зиёд аз бемориҳои сироятӣ ва ҷангу хушунатро, ки мояи яъсу ошуфтаҳолӣ мебошад дучор гардида, то ҳол низ ин таҷрибаи талхро бо шаклҳои гуногун аз сар мегузаронад.

 

Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки дар марҳилаҳои мухталифи таърих номусоидии табиат, аз қабили хушксолӣ ё офатҳо боис ба маҳви маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаҳои сайёра шуда, фарогирии қаҳтиву гуруснагӣ сабаб ба маргумири инсонҳо шудааст. Ҳолатҳои гуруснагии солҳои 1630 - 1632-и Ҳиндустон боис ба марги зиёда аз ду миллион инсон дар ин қитъа буда, гуруснагии солҳои 1694 – 1698 дар Фаронса, Эстония, Финландия, Шотландия боис ба фавти аҳолии зиёд гардида, дар саҳифаҳои таърихи ин кишварҳо сабт шудааст. Ҳамзамон соли 1829 дар Австрияи ғарбӣ ва соли 1888 дар кишварҳои Эфиопия, Судон ва Сомалӣ номусоидии ҳаво боиси камшавии маводи ғизоӣ шуда, ҷони садҳо ҳазор инсонро рабудааст. Танҳо як номусоидии ҳаво дар штати Иллинойсеи Амрико дар соли 1988-1989   сабаби   хисороти зиёда аз 60 млрд доллар ба табиат ва аҳолии ин минтақа шудааст. Ингуна ҳолат дар аксар кишварҳои олам ва тамаддунҳои бостонӣ, аз қабили Мисри қадим ва Чини паҳновар рӯйдода, қадимтарини ин хушксолиҳои мусибатбор ба 3900 сол қабл аз солшумории мелодӣ қаламдод мешавад, ки дар ҳар давра ин нобасомониҳои табиӣ боиси мусибатҳои инсоният будааст.

 

Агар муаммоҳои ҷаҳониро дар ин ё он давраи таърих таҳлил намоем тазодҳое дар сарнавишти инсонӣ бармало мегардад. Чуноне, ки то оғози ҳазораи сеюм инсоният аз гуруснагӣ ранҷ мебурд, пас дар ибтидои ҳазораи сеюм мушкилоти пурхўрӣ боиси маризӣ ва марги қишре аз инсонҳои сайёра гардидааст. Аз рӯи омори созмонҳои таҳқиқотии саломатӣ, соли 2014 бешаз 2,1 млрд одам бо сабаби зиёд вазнӣ ба маризӣ мубтало гардида, қисме ба ҳалокат расидаанд. Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 беш аз нисфи аҳолии ҷаҳон аз фарбеҳии аз меъёр зиёд ба маризии диабет, фишорбаландӣ, афсурдагӣ ва ғайра мубтало мегарданд. Яъне инсоният дар ҳар давраи таърих бо мушкиле мувоҷеҳ буда, таҳдидҳоеро ба саломатии худ эҳсос намудааст.

 

Душмани дуюми ҳаёти инсоният дар таърих хуруҷи эпидемия ва бемориҳои сироятӣ мебошад. Эпидемияҳо дар таърих бо номҳои мухталиф шинохта шуда, аксаран онҳоро вабо (чума), тоъун, домана, зуком, марги сиёҳ ва монанди инҳо ном мебаранд. Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки ин навъ эпидемияҳо аз соли 430-и то мелод оғоз шуда, нахуст дар шаҳри Афина хуруҷ намудааст. Дар давраҳои дигари таърих, аз ҷумла солҳои 165-180 дар Рими қадим, 250-271 дар Киприана, ки боиси марги 10 млн инсон шудааст. Соли 1346-1353 эпидемия бо номи марги сиёҳ ҷони 25 млн аҳолии сайёраро маҳв намуд. Соли 1494 5 млн аҳолии олам аз ин навъ вабо фавт ёфта, соли 1708 -1714 беш аз миллион инсон қурбони эпидемия шудаанд. Дар ибтидои асри 20, махсусан солҳои 1918-1920 бемории «грипи испанӣ - h1n1» зиёда аз 50 миллион инсони сайёраро ба коми нестӣ расонид.Дар интиҳои аср - соли 1980 бемории норасоии масуният 36 миллион инсони курраи заминро ба коми худ фуру бурд. Инчунин солҳои 1911 зиёда аз 100 ҳазор, соли 1958 – 2 миллион, соли 1968 зиёда аз як миллион инсон куштаи эпидемияҳо шудаанд. Маҷмуан талафоти даврони ҷанги ҷаҳонии аввалро муаррихон ҳудуди 20 млн ва қурбониёни ҷанги дуюми ҷаҳонро бошад ҳудуди 60 млн рақам мезананд, вале шумори қурбониёни эпидемияҳо дар асри 20 аз марзи 100 миллион нафар убур менамояд.

 

Бо чунин тарз ҳар як эпидемия барои башарият як балои ҷонкоҳ буда, ташвишҳо ва носуботиҳоеро ҳам аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳам аз лиҳози фарҳангию маънавӣ дар пай дорад.

 

Дар ибтидо тасаввури аҳли башар ҷиҳати раҳоӣ аз ин беморӣ танҳо бо тариқи ниёиш ва имдодҷӯӣ аз Офаридгор амалӣ мегардиду табобати тиббию илмии он камтар мавриди истифода қарор мегирифт. На дар ҳама минтақа гузаранда будани онро дарк мекарданд. Мубодилаи донишу фаҳмиш ва маърифати беҳдоштӣ онгуна набуд, ки чораҳои эминӣ татбиқ карда шавад.

 

Асри 21 низ дар баробари имкониятҳои васеи технологӣ аз ин маризиҳо эмин буда наметавонад ва аз ибтидои соли 2000 то ҳол чанд марҳилаи бемориҳои сироятӣ паси сар шудаанд. Аз ҷумла солҳои 2002-2009 бемории илтиҳоби ғайри муқаррарии шуш, соли 2005 зукоми паранда, соли 2009 зукоми хук ва соли 2014 Эбола ҳамчун бемории сироятии хатарнок ба қайд гирифта шуданд, ки бо шарофати корбурди муассири тиббӣ ва муборизаҳои ҳушмандона оқибатҳои ногувори онҳо коҳиш дода шуд.

 

Бемории сироятии СПИД, ки то ҳол табобати комили он нопайдо аст, ҷони беш аз 30 миллион нафарро гирифта, даҳҳо млн мубталои он азоби рӯҳиву равонӣ мекашанд ва дар набарди маргу зиндагӣ мебошанд.

 

Умуман, сайри таърихии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ далолат медиҳад, ки инсоният бо таҳдиду хатарҳо бидуни фосилаи зиёд рӯ ба рӯ шуда, муҳаққиқон ҷангу муборизаҳои ояндаро аз тариқи сохтану паҳнсозии вирусу бемориҳои сироятӣ аз эҳтимол дур намедонанд. Чунин пешгӯии олимон бо пайдоиши бемории Covid - 19, ки моҳи декабри соли2019 дар шаҳри Вухани Ҷумҳурии Халқии Чин зуҳур намуд, инсониятро ба таҳлукаву фишори равонӣ ва зарари калони иқтисодиву иҷтимоӣ мувоҷеҳ сохт. Махсусан баъд аз оне, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин бемориро пандемия эълон намуд, таҳлукаҳо фарогир гардида, оламро зери фишори иқтисодию иҷтимоӣ қарор дод. То ҳол дар 212 кишвари олам ва ду воситаи боркашонии азими байналмилалӣ вуҷуди КОВИД-19 тасдиқ шудааст. Аз нимаи дуюми моҳи марти соли 2020 суръати афзоиши паҳншавии он ба таври миёна дар давоми 40 то 50 рӯзто 70000 нафар дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад.

 

Ҳарчанд аз шумораи умумии сироятёфтагон теъдоди фавтидагон бисёр кам аст, вале ба таҳлука афтодани ҷомеаи инсониро бараъло эҳсос намудан мумкин аст. Кишварҳои чун Амрико, Испания, Русия, Италия, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Туркия, Бразилия, Эрон ва дигарма молики аврупоиву осиёӣ дар садри сироятшудагон қарордошта, ҳамарўза шумори қурбониён дар ин давлатҳо меафзояд.

 

Кӯшишу талошҳои марказҳои таҳқиқотии бемориҳои сироятӣ ҳанӯз натиҷаи дақиқ надода, то ҳол беш аз 100 ваксин мавриди коркард қарор дорад. Вале вазъи равонии ҷомеаи ҷаҳонӣ бадтар аз ҳолатҳои ҷангиро мемонад, ки таърихан инсоният ҳамчун сеюмин ҳолати вазнини ҳаёт, то ҳол бо он рӯ ба рӯ аст.

 

Дар таърихи инсоният дигар аз талафоти гаронро аз ҷангҳои байниҳамдигарӣ пушти сар намудааст. Ҷангҳои қавмӣ, миллӣ, байнидавлатӣ, байнидину мазҳабҳо, ки бо сабабҳои мухталиф ба вуҷуд омада, тоҳол идома доранд.

 

Таърих ҷангҳои мудҳишу кушторҳои ҷамъии зиёдро сабт кардааст. Мутаассифона, мафҳуми ҷанг, ҳуҷум кардан бар зидди қавму миллату намояндагони дину мазҳабҳои дигар аз барномаву мафкураи ҷомеаи башарӣ зудуда нашудааст, балки бо муосиртарин шаклҳо рушд ёфтааст.

 

Агар тавонмандии низомии қудратҳои ҷаҳониро ба шакли умум баҳогузорӣ намоем, он силоҳҳои атомӣ, кимиёӣ ва биологие, ки дар ихтиёри қудратҳо қарор дорад, на танҳо мувозинати оламро халалдор, балки метавонад сайёраи заминро нобуд созад. Илова бар ин маблағгузории терроризму даҳшатафканӣ рушд намуда, бо баҳонаҳои ҷангӣ силоҳҳои нав ихтироъ ва ба таври мармуз мавриди озмоишу намоиш қарор мегиранд, ки намунаи ошкору маълуми онро дар кишварҳои хушсарвати Ироқ, Сурия, Либия, Яман, Афғонистон ва бархе аз кишварҳои африқоӣ бараъло мебинем.

 

Ҳарчанд ақли инсони комил ин зуҳуроти манфурро қабул карда натавонад ҳам, вале амиқ аст, ки пайдоиши бемории сироятии COVID-19 тафаккури ҷомеаи башарӣ, муносибату иртиботи аҳли оламро ба таври максималӣ дигар кард ва зарари бузургро дар масоили равобити иҷтимоиву нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба вуҷуд овард.

 

Пешгӯии таҳлилагарон дар хусуси тағйирёбии ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии солҳои 2019-2021 дар кишварҳои пешрафта ва давлатҳои бистгонаи тавлидкунандаи мол нигаронкунанда мебошад. Агар рушди ММД соли 2019 барои аксарияти кишварҳои бистгона аз 2,2 то 9,2 фоиз ба қайд гирифта шуда бошад, ин нишондиҳанда соли 2020, баръакс бо нишондодҳои манфӣ: то 10 фоиз пешгӯӣ менамоянд. Аз ҷумла сатҳи бекорӣ дар байни кишварҳои бистгона ва умуман ҷаҳон нигаронкунанда мебошад, ки барои кишварҳои Африқои Ҷанубӣ то 33,5 фоиз, ИМА– 32, Туркия– 16,3, Италия– 14, Бразилия, ҲиндустонваФаронса– 12, Аргентина– 11, Австралия – 10, Канада – 8,9, Олмон – 7,6, Индонезия, Британияи Кабир, Арабистони Саудӣ, Чин, Россия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон аз 7,2 то 4,2 фоиз мерасад.

 

Бино ба пешгӯии Сандуқи байналмилалии пул ва Созмони ҷаҳонии савдо рукуди иқтисодиёти ҷаҳон 3 фоизро ташкил хоҳад дод ва зарари молиявӣ метавонад то ба 9 трлн доллари ИМА бирасад.

 

Оқибати нузули иқтисодиёти ҷаҳон ба коҳиши ҳаҷми соҳаи саноати коркард аз ҳисоби камшавии ҳаҷми истеҳсол то 25 фоиз, буҳрони соҳаи хизматрасонӣ, махсусан дар соҳаи туризм то 70 фоиз расида, соҳаҳои хизматрасонӣ дар самти кори меҳмонхонадорӣ, корхонаҳои хӯроки умум ва савдои чакана таъсири ҷиддӣ мебинанд.

 

Аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии меҳнат, аз ҳисоби коҳиши ҷойҳои корӣ дар ҳамин айём беш аз 80 фоизи қувваи корӣ дар ҷаҳон дар ҳолати бекории муваққатӣ қарор доранд, ки 3,3 миллиард одамро ташкил медиҳанд.

 

Буҳрони аз маҳдудияти ҳаракати нақлиёт (ҳавоӣ, заминӣ, дарёӣ) пайдошударо Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ то 113 миллиард доллари ИМА ҳисоб намудааст, ки ин рақам ниҳоӣ набуда, рўз то рўз ҳаҷми зарар афзоиш меёбад.

 

Аз 189 кишвари узви Сандуқи байналмилалии пул беш аз нисфи онҳо барои дарёфти кумак ба ташкилоти зикргардида муроҷиат намудаанд. Ба тахмини ин ташкилот рушди иқтисодӣ дар соли 2021 оғоз меёбад, ки он дар таносуб ба соли 2019 камтар, вале умедворкунанда аст.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаракати чархаҳои иқтисодии минтақа ва ҷаҳон алоқамандии зич дорад. Дар сурати идомаёбии вазъияти кунунӣ дар кишварҳои хориҷ, махсусан, Федератсияи Россия осебпазирии иқтисодии кишвар бештару бештар пешгӯӣ мегардад. Аз ҷумла соҳаҳои туризм, савдои хориҷӣ, бахши нақлиёти байналмилалӣ ва ҳатто дохилӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, фаъолияти меҳмонхонаву корхонаҳои хӯроки умумӣ бо нишондодҳои манфӣ рӯ ба рӯ гардидаанд.

 

Афзоиши сатҳи бекорӣ, паст гардидани қудрати хариди мардум, коҳишёбии ҳаҷми истеҳсолоту хизматрасонӣ ҳолати рӯҳиву равонӣ ва вазъияти иҷтимоии мардумро низ ба таври нигаронкунанда халалдор месозад.

 

Вобаста ба ҳолати мавҷудаи ҷаҳонӣ ва иқтидори дохилӣ, барномарезии оянда ҷиҳати идоракунии буҳрон ва вазнинтар нашудани вазъият дар кадом шаклу тарз бояд идора гардад? Чӣ гунна раванди таъмини мардум бо ҷойи корро идома дод ва аз ҳолати зиёдшавии бекорӣ пешгирӣ кард? Кадом барномаҳои иқтисодиву молиявии муассир барои маблағгузориву ҷалби сармоя бояд тарҳрезӣ гардад, то раванди истеҳсолот равнақ ёбад?

 

Ончӣ рифоҳи мардум ва ҳаёти осоиштаро барқарор ва вазнинии зиндагиро сабук мегардонад, халалдор нагардидани рушди иқтисодиёт дар ҷумҳурӣ мебошад. Барои ноил гардидан ба он зарур аст, ки чораҳои мусоид ва заминагузор ба рушди истеҳсолот дар шакли санҷидашудаву ояндадор роҳандозӣ гардад. Шаффофият дар низоми муҳосиботӣ, андозбандӣ, мутобиқ будани меъёрҳои он ба рушди истеҳсолот, шаффофияту кафолат дар низоми бонкӣ, рақобати шадид дар бозори истеҳсол, воридоти молу маҳсулот, савдо, хизматрасонии молиявӣ ва дастгирии соҳибкороне, ки ғояҳои баланди истеҳсолотро пешниҳод менамоянд, метавонад аз омилҳои муассир ва ҳаракати босуръаттари чархаҳои иқтисодии мамлакат бошад.

 

Мусаллам аст, ки инсоният ба зудӣ ба шароити буҳронӣ мутобиқ нахоҳад шуд. Дар ҳоле, ки вирусологҳои ҷаҳонӣ аз имкони хуруҷи дигар вирусҳо дар ояндаи наздик, махсусан дар фасли сармо таъкид меварзанд. Маҳз ба ҳамин хотир зарур аст, ки дар тарҳрезии нақшаҳои ояндаи иқтисодии кишвар омили мазкур, яъне сар задании монеаҳо дар равандҳои истеҳсолӣ, маҳдудияти ҳаёти ҷамъиятӣ ба инобат гирифта шуда, мутаносибан иқтисоди кишвар ба чунин паёмадҳо мутобиқ гардонида шавад. Яъне, ҳамеша барои зуҳури вазъияти буҳронӣ омода будан лозим аст.

 

Таъкидҳои такрор ба такрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси захираи ҳадди ақали ду солаи молу маҳсулоти аввалиндараҷа, омода будан ба ҳар гунна вазъияти камчинӣ ва рушду равнақ додани истеҳсолоти кишоварзӣ, истифодаи самаранок аз замину гирифтани ду то се ҳосил дар як сол, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди саноат ва даҳҳо ҳидояти дурандешонаи Роҳбари давлат дар ин вазъияти маълум аҳамияти он гуфтаҳоро ҷоннок мегардонад.

 

Аз ин рӯ, зарураст, ки яке аз чор ҳадафи стратегии кишвар, яъне амнияти озуқаворӣ, дубора мавриди баррасӣ қарор дода шуда, истеҳсоли маҳсулот ба маҳзи таъмини бозори дохилӣ, маҳсулоти захирашаванда ва содиротӣ ба инобат гирифта шавад. Имкониятҳои молиявӣ ва захираҳои мавҷуда самаранок мавриди истифодабарӣ қарор дода шавад.

 

Тавре барои ҳамагон маълум аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ тамоми чораи мумкинро барои ба осонӣ пушти сар намудани мушкилӣ рўи даст гирифта, барои кам намудани шиддати тарсу таҳлука ва эҳсоси вазнинӣ накардан кумакҳои соҳавию суроғавиро ба ҳама гӯшаи ҷумҳурӣ равона намуда, мудирияти вазъро ба таври шоиста дар ихтиёр дорад.

 

Инсоният дар таърихи гузаштаи хеш, бо назардошти имкониятҳои маҳдуди замонӣ ҳар як нобасомонии рўзгорро пушти сар намуда, ба даврони ҷадиди зиндагӣ расидааст ва яқин аст, ки бар буҳрони Ковид-19 низ дар кўтоҳтарин муҳлат пирўз меояд ва ҳаёти осоиштаро ҳамроҳ бо устуворгадонии муносибатҳои неки миллию инсонӣ барқарор месозад.

Мардуми шарифи ҷумҳурӣ ва табақаҳои равшанфикри ҷомеаро низ зарур аст, ки дар чунин шароит сиёсати роҳбарияти олии кишварро дастгирӣ намуда, имконияти иқтисодиву иҷтимоии худро дар самти ҳалли муаммои давр ва бунёди давлати миллию муқтадири худ хирадмандона равона намоянд.

 

 

Музаффарзода Дилшод Музаффар,

муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед