Кейҷи Фуруя аз муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуд
03 Август 2022, Чоршанбе Субҳи имрӯз Роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷиикистону Ҷумҳурии Япония Кейҷи Фуруя ва ҳамроҳони ӯ аз муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуда, дар маросими кушодашавии нуқтаи низоми мобилии томографияи компютерӣ ва маросими рӯнамои таҷҳизотҳои тиббии онкологӣ дар Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ (шуъбаи ташхисоти рентгенеологӣ, ултрасадо ва эндосколӣ) иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи сиёсати фаъол баҳри беҳдошти сатҳи зисти аҳолӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар ва ҳамгироии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ чораҳои зарурӣ ва самаранок меандешад.
Худи ҳамин рӯз Роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷиикистону Ҷумҳурии Япония Кейҷи Фуруя дар назар аст бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати энергетика ва ё «НБО Роғун» мулоқот намояд.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон