Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД эҳтимол аст дар моҳи июн баргузор гардад
22 Май 2020, ҶумъаТибқи иттилои Хадамоти матбуотии Думаи давлатии Федератсияи Руссия эҳтимоли баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар моҳи июн вуҷуд дорад. Ин матлаб зимни суҳбати телефонии Раиси Думаи давлатии Федератсияи Руссия Вячеслав Володин бо Раиси Парлумони Қирғизистон Достонбек Ҷумабеков, ки рӯзи 12-май баргузор шуда буд, баррасӣ шудааст. Дар назар аст, ки ҷаласаи мазкур тариқи фосилавӣ - видеоконфронс баргузор шавад.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи Шӯрои АП СААД мебоист моҳи май баргузор мешуд, вале бо сабабҳои хуруҷи пандемияи ҷаҳонии КОВИД-19 ба дигар вақт мавқуф гузошта шуд.
Вячеслав Володин изҳор доштааст, ки «имконияти баргузории ҷаласаи фосилавии Шӯрои АП СААД бо ҳама раисони парлумонҳои Ассамблеяи Парлумонӣ баррасӣ хоҳад шуд» - омадааст дар иттилоияи Хадамоти матбуотии Думаи давлатии Федератсияи Руссия.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон