Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ

22 Август 2022, Душанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон, узви Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.
Дар ҷараёни ин мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва парламенти он дар муносибатҳои байналмилалии худ ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Маҷлиси намояндагон-парлумони тозабунёд аст. Ҳоло мо бо парлумонҳои зиёди кишварҳои дунё равобити хуби кориро ба роҳ мондаем. Аз таҷрибаи якдигар самаранок ва бештар истифода мебарем. Парлумонҳо воқеан бозувони пуртавонои миллатҳо ва давлатҳо мебошанд, ки дар густариш ва тавсияи равобити байнидавлатҳо нақши босазое доранд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати густариши муносибатҳои байнипарлумонӣ 20 окятбри соли 2011 пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаро бо имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкории байнипарламентӣ ба имзо расонидаанд.
Боиси қаноатмандист, ки миёни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият менамояд.
Бояд зикр намуд, ки дар заминаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳоямон қадамҳои устуворе гузошта шудаанд. Ҷаласаи фосилавии Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 15 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, далели ин гуфтаҳост.
Имрӯз вақти он расидааст, ки ин ҳамкориҳоро густариш диҳем. Мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарломунӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкориҳои судмандро тақвият бахшем.
Моро мебояд аз таҷрибаи ҳамидигар самарабахш истифода барем, чароки фарҳангу забони муштарак, дину таърихи умуми барои мо авлавиятҳо медиҳад.
Бо қаноатмандӣ бояд зикр намуд, ки дар заминаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳоямон қадами устуворе гузошта шуд. Боздиди мутақобилаи ҳайатҳои парлумонии кишварҳоямон далели ин гуфтаҳо аст.
Раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон, узви Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ
ҳамчунин сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба Тоҷикистонро  оғозгари фасли навин дар раванди муносибатҳои  парлумонии ду кишвари бародар шумурда, хостори тақвияти ҳамкориҳои маҷлисҳои ду кишвар аз тариқи фаъол намудани гуруҳҳои дустии муштарак гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот Муҳаммадтақӣ Собирӣ – сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Илова кунед