Мулоқоти Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон

22 Август 2022, Душанбе

Имрӯз Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Файзулло Баротзода бо Раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон, узви Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои баӣнидавлатии Тоҷикистону-Эрон ва робитаҳои баӣнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷумла парлумони касбии мамлакат ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои баӣнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Мо-гуфт Файзулло Баротзода аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон қаноатманд ҳастем.
Дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари дӯсти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар ҷиҳат шоёни назар мебошанд.
Мо омодаем, ки баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои байни кишварҳоямон талошҳои муштарак намоем.
Мусаллам аст, ки дар ин раванд тамосҳои мунтазами сатҳи олӣ, аз ҷумла дар ҷодаи робитаҳои байнипарлумонӣ аҳамияти хосса доранд.
Умедворам, ки пас аз сафари Шумо равобитҳои байнипарлумонии мо такони тоза хоҳанд гирифт.   
Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон иштирок намуданд.
Тибқи нақша чорабиниҳо Раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон, узви Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ ва ҳамроҳони ӯ дар ҷараёни сафари кориашон имрӯз аз “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” фардо 23 август аз “Қалъаи Ҳисор” ва маконҳои таърихи-фарҳангии ноҳияи Ҳисор, 24 август аз боғи ангур ва Осорхонаи Талкои шаҳри Турсунзода ва  “Кохи Наврӯз”,  бозори “Меҳргон”-шаҳри Душанбе  дидан менамоянд.

Илова кунед