Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Со Бёнсу

22 Август 2022, Душанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Корея, узви Маҷлиси миллии Корея Со Бёнсу ва ҳамроҳони ӯ, ки ба сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд мулоқот намуд.
Зимни мулоқоти судманду самимӣ Маҳмадтоир Зокирзода  меҳмононро хаӣру мақдам намуда, иброз намуд, ки мо ҳамеша аз дастовардҳои кишвари ба мо дуст Ҷумҳурии Корея хушҳолем.
Раиси парлумони касбии мамлакат ҳамчунин иброз намуд, ки бо дарназардошти имконияти халли масъалахои мубрами сиёсию иктисодӣ ва иҷтимоӣ Точикистон тавассути тавсеаву густариши хамкорихо бо Чумхурии Корея, муносибатхои баӣни ду кишвар рӯз ба рӯз аҳаммияти бештар касб намуда, ин тамоюл дар дурнамои наздик ба эхтимоли зиёд чунин бокӣ хоха, монд.        Маврид ба таъкид аст, ки –гуфт Маҳмадтоир Зокирзода  сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея, омили тавсеаи беш аз пеши муносибатхои дуҷонибаи Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея гардида, ба татбики барномахои- стратегии Точикистон бунёди неругоҳи хурду миёна ва бузург, эхёи воқеии Роҳи бузурги абрешим такон бахшад ва накши ҳамкорихои ду кишвари дуст Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяро ба сатхи комилан нав ворид намояд.
Бо узвияти Ҷумхурии Тоҷикистон дар Созмони умумиҷахонии савдо доираи ин ҳамкориҳхо васеъ гашта, низоми савдои хориҷии кишвар шаффоф ва монеаҳои маъмурию техники тадриҷан бартараф мегарданд.
Дар пешбурди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ нақши Комиссияи муштараки баӣниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тичоратӣ ва илмӣ-техникӣ назаррас аст. Комиссия дар ҷаласахои солонаи худ тамоми масъалахои дуҷониба, мушкилиҳо ва роҳҳои ҳлли онҳоро дар самтҳои тиҷорату саноат, энергетика, кишоварзӣ, фарҳанг ва туризм, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Барои ҳамкориҳо дар риштаҳои тиҷорат, саноат, энергетика  имкониятхои бештар вучуд доранд.
Татбиқи барномахои стратегии Тоҷикистон, ҳамзамон аз муқаррароти нишастхо бахшида ба Форуми ҳамкории Ҷумхурии Корея ва кишвархои Осиёи Марказӣ низ маншаъ мегирад. Аз ҷумла, дар он гуфта мешавад, ки роҳбарияги Ҷумхурии Корея рушди муносибатхоро бо ҳавзаи кишварҳои Аврупову Осиё ҳамчун ҳадафи давлатӣ эълон кардаасг, дар чаҳорчуби он ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф бо минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути «Роҳи Абрешим» таваҷҷухи махсус зоҳир карда мешавад. Мақсади асосии ташаббуси мазкур бунёди қораи нави Аврупову Осиё дар асоси мубодила ва муошират миёни халқҳо мебошад.
Тоҷикистон ба масъалаи фарҳангу маориф, ки яке аз самтҳои афзалиятноки кишварамон ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Мо хеле шодем, ки дар доираи хамкориҳои фархангӣ, дар китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон марказӣ фархангии Ҷумҳурии Корея ифтитох ёфт. Дар иртибот ба ин, 30 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангии «Корвон» бо иштироки гуруҳи ҳунармандони мардумии Ҷумхурии Корея баргузор гардид, ки аз ҷониби Тоҷикистон хеле самимона пазируфта шуд.
Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея ибрози андеша намуда, афзуд, ки тачрибаи Ҷумхурии Корея дар татбики технологияхои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ дар сохахои гунгогуни ичтимоию- иктисодӣ ва фархангӣ метавонад мавриди омузиш ва истифодаи сохторхои дахлдори Ҷумхурии Точикистон карор гирад. Бо максади чалби сармоягузорӣ ва таъсиси корхонахои муштарак дар минтакахои озоди иктисодии Точикистон, ташкили намоишгоххои махсулоти саноатии Ҷумхурии Корея дар Ҷумхурии Точикистон нихоят муфид мебошад.
Сахми Агентии Корея оид ба хамкории баӣналмилалӣ (KOICA) дар татбики лоиҳаҳои рушди захирахои инсонӣ, кумакхои техникӣ, интиколи технология ва чихати тахкими хамкорӣ дар соҳаҳои рушди инфрасохтор, сармоягузорӣ, тичорат, энергетика ва фарханг мусбат арзёбӣ мегардад.
Маҳмадтоир Зокирзода дар анҷоми мулоқот ба зиёд намудани бурсияхои тахсилиро ба донишчуёни точик дар чахорчубаи барномаи бурсиявии глобалии Корея (Global Korean Scholarship)  таъкид намуд.
Худи ҳамин рӯз таҳти райёсати Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода мулоқоти аъзои гуруҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
Дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни робитаҳои бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея гуфтугӯи судманд  сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкориҳои баӣнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ зоҳир гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин аъзои гурухи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд.

Илова кунед