Саидмурод Фаттоҳзода бо Сафири Озарбоӣҷон мулоқот намуд
30 Август 2022, СешанбеИмрӯз Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Алимирзамин Аскеров - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон
мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муносиботи Тоҷикистону Озарбойҷон, алахусус ҳамкориҳо миёни парлумонҳои ҳарду кишвар, инчунин мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигарро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ёдовар шуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши алоқаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон, зарурати фароҳам овардани фазои мусоид барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ бо истифода аз механизмҳои парлумонӣ иброз доштанд.
Илова кунед

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон