Ба Истиклоли меҳан саҷда орам

06 Сентябр 2022, Сешанбе

Ватан, эй орзӯҳои парешонгаштаву шаҳди чашидаву ночашидаи ниёгони барумандам. Ман назди ҳар фарди баору номус ва дар роҳи озодиву оромиат ҷон бохтаи гумному соҳибномат саҷдагузорам. Ватан қиблагоҳу оромгоҳи ману сарнавишти безаволу пурасрори ниёгони мани. Ватан ҷои ту болои чашмонам, гавҳари чашми бинои ман туи. Ман барои ободиву оромии пойбарҷоят ҷони ҷавонамро қурбон менамоям, ба хотири чашми душман нобино ва тарс дар вуҷуди душман ҷовидон хона бигирад, бо ифтихор мегуям: Ватан дар синаи ту, оғуши гарми ту, дар замину самои пур аз сафову вафои ту фарзандҳои фарзонаат, нафас мекашанду барои оромиву тинҷии ин сарзамин ва ҳар нафаси худ тайёранд  ҷони ҷавони худро дареғ надоранд, зеро ҷон барои рафтан аз бадан омадааст, ҷон дар бадан меҳмон аст, меҳмони азизи ману ту. Ба хотири он ки меҳмон қадри худро дар ҳастии мо эҳсос намояд, мо бояд сарсупурдаи марзу буми хеш бошем. Ватанро дӯст дорем ва ба номи покаш саҷдагузор бошем. Чаро ки фармудаанд: дӯстдории ватан аз гӯшаи эмондории туст.
Солҳои 90-уми асри гузашта низ зарбаҳои ҷонгудозу маҳвкунанда бар сари ин миллату сарзамин эҳсос мешуд ва мардуми саршор аз маърифату фарҳанги одамӣ, роҳгумзада шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистони азиз то андозае пароканда ва сарзамин пора-пора шуда буду ватани маҳбуби мо боз дасти номардонаву хунхори душманони миллатро болои сари пур аз ҳасрату ормонҳояш эҳсос мекард. Дар интизори он буд, ки боз фарзандони фарзонааш метавонанд мисли ҳазорсолаҳои дигар ҷони пиргаштаву аз нангу номуси фарзандонаш ҷавон побарҷомондаашро ҳимоя намуда, аз чанголи ҳасудхуронаш мераҳонаду ба шариёнҳояш хуни ниёгони ҷавонашро ҷорӣ менамояд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ин давра парешониву сарсонӣ ва парокандагии миллату сарзамин ба мардуми арҷманд зарбаҳои равонӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ оварда, барои сарҷамъии миллат, ваҳдату оромии он ҷонбозиҳои зиёди фарзона фарзандони ин мардуми шариф саҳифаҳову хотираҳои таърихро ранги дигар бахшидааст.
Офтоби тобон бо нури ҷонбахшаш ба ин мардуми шарафманд гармӣ овард. Марде бо номи пурифтихору фарзонаи худ, Эмомали Раҳмонро ба миллати созандаву ободкор ҳадя намуду иродаи қавиву устувори ин фарзона фарзанро барои оромиву осоиштагии ватани маҳбубу азизамон равона кард.
Ин буд, ки рӯзи 9-уми сетябри соли 1991, эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми ҷаҳон нашр гардиду ҳар нерӯи қудратмандон, созмону иттиҳодияҳо мехостанд ин тифли навзодро бо роҳи худ бубаранд. Ақли солим ғалаба кард ва моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуду ҷавоне неруманду ҷасур, аз тухмаи оли Сомон, Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида аз нафасҳои нахустинаш  дар кишвари азизамон Ҳукумати қонунӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки ин қадами ҷиддӣ дар наҷоти Истиқлолияти миллӣ буд.
Ин давра, давраи созандагӣ ва ободкориҳои мардуми шарифи Тоҷикистон буда, асолати ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори милливу ватандории ҳамдиёрони азизамонро хеле баланд бурд. Имрӯз фарзандони фарзонаи миллат бо ифтихор аз ватан ва ватандорӣ сухан карда, аз он мефахранд, ки як кишвари тинҷу орому осоиштаро доро мебошанд. Истиқлолият ва ватандорӣ бузургтарин, пурарзиштарин неъмате мебошад, ки шаҳди онро ниёгони баруманди ман имрӯз аз доштани як мулки ободу озод, амону биҳиштӣ, созандаву ташабускор чашида истодаанд.  
Ин неъмати бебаҳо баробари ба даст овардани меҳру вафо, нуру зиё, ободиву озодӣ, осоиштагиву сарҷамъиро барои мардуми арҷманди тоҷик арзонӣ кард.
Ин даврон, яъне даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Имрӯзҳо зиёда аз 200 кишвари рӯи олам Тоҷикистони азизи моро мешиносанд, арҷ мегузоранд ва эҳтирому эътироф менамоянд.
Бояд иброз намоям, ки Ҳукумати кишвар дар баробари ба даст овардани Истиқлолият  тамоми нерӯи созандаи худро баҳри дар ҳақиқат ҳамчун давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд нигоҳ доштани ватани маҳбубамон равона кардаанд. Имрӯзҳо дар тамоми самтҳо корҳои созандагиву ободкорӣ рушан ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, занон, хонаводагӣ, ки ояндаи дурахшони давлату миллатанд, ҳамчун самтҳои муҳиму пешбурди ҷомеаи солим таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.
Пешвои муаззами милат, Президенти маҳбуби кишвар иброз менамоянд, ки  “Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки баъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму  талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт”.
Аз ин рӯ, эй ватани маҳбуби дилу дидаҳо ором бош, хуруш накун, ноумед нашав. Бо туи азиз аҳли ҷомеаи аз нигоҳи таърихӣ хеле пири нурониву фарҳангӣ ва мардуми созандаву ободкори мағруру пурифтихорат баҳри ҳимояи марзу бумат, таъриху фарҳангат, арзишҳои милливу ватанхоҳиат побарҷо истодаанд. Ватан, меҳру муҳаббататро ҳар лаҳза эҳсос менамоем. Замини муқаддасу ҳосилхезат рузгорамонро сафо мебахшад ва самои пур аз ситораву офтобу моҳтоби тобонат ба дилҳо шарар ба ҳастиамон гармӣ ва ба ояндаи дурахшон танҳо бо шукргузори аз доштани ту мо умед мебандем. Ватан дили фарзандаҳоятро, ки пур аз меҳру садоқат аст, эҳсос намо, зеро мо ватандорон аз меҳру ризоияти ту побарҷоем, модари маҳбубу гиромии мо. Мо бо туем, эй ватан ва мо аз туем, эй ватани биҳиштиву орому осудаву мағрур.
  
 
Шарофзода Гавҳар,
Вакили МНМОҶТ,
Аъзои фраксияи ҲХДТ                 

Илова кунед