Ҳафт ганҷи истиқлоли мо

08 Сентябр 2022, Панҷшанбе

Маънои аслии мафҳуми Истиқлолият ҳамчун истилоҳ рафтору тасарруфи озодона ва мустақилона доштан дар муҳити кишвари ободро дорад. Аммо аз мавқеи ҳуқуқи байналмилалӣ истиқлолияти давлат санади эътироф намудани он аз ҷониби кишварҳои дигар ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аст.
Аз нуқтаи назари сиёсӣ, истиқлолият амалкарди фаъоли принсипҳои гуногун, идоракунии муназзами уфуқию амудии воҳидҳои маъмурӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутсиониро ифода менамояд. Ҷанбаи муҳими соҳибихтиёриро барои ҳар як давлати соҳибистиқлол дар масъалаи муносибатҳои хориҷӣ субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ будан ва дар пешбурди умури дохилӣ ноил шудан ба тақсимоти муваффақонаи ваколатҳои ҳокимияти давлатӣ таҷассум мекунад.
Боиси фараҳмандист, ки 31-умин солгарди ҷашни муқаддаси миллиро дар шароити сулҳу субот, ваҳдату оромӣ, бунёдкорию созандагӣ ва қадамҳои ҷиддӣ гузоштан дар роҳи рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёт ва тарҳи нав андохтани инфрасохтори Тоҷикистони азиз бо ҳазорон таҷаллову таманно таҷлил менамоем. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки тай намудани ин роҳи пуршебу фарози истиқлолият бо сарварии фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳаққуқ пазирад. Имрӯз аз баландиҳои кохи бегазанди ватани озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар соли ин санаи фархунда чӣ гуна кам-кам ба решаи ташналаби дарахти истиқлоли тоҷик оби ҳаёт зам гардидааст. Акнун ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар арафаи ин ҷашни арзишманду муқаддаси миллӣ ҳар шаҳрванди хурду калон ва пиру ҷавон, вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусусию давлатӣ ва ниҳоду сохторҳои гуногун дар саросари қаламрави кишвари азизамон дастовардҳои фаъолияти худро дар мизони ақлу мантиқ ҷамъбаст намуда, нақшаи чорабиниҳои навро барои соли оянда тарҳрезӣ мекунанд. Албатта, дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимону муаррихон ва коршиносони ватанию хориҷӣ китобу рисолаҳо ва гузоришҳои таҳлилию мақолаҳои илмии зиёд таълиф шудаанд, ки моро аз такрори он бениёз мегардонад. Аз паҳлӯи дигар, ба мушоҳидаи мо, андаруни тамоми дастовар­д­ҳо ва кору пайкорҳои анҷомёф­та дар тӯли 31 соли рушди мустақилона якчанд самтҳои барозанда ва меҳварии ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва ҷамъиятию иқтисодӣ дар фазои иттилоотии ҷумҳу­рӣ ташаккул ёфтанд, ки мо онро шартан «ҳафт ганҷ» номидем.
Ганҷи якум, соҳибӣ кардани истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва таъмини якпорчагии қаламрави он. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта чун афтодани пардаи оҳанини низоми сиёсию идеологии Иттиҳоди Шӯравӣ наздик шудан гирифт, ҷумҳуриҳои миллӣ яке паси дигар ба қабули эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии кишварҳои худ оғоз карданд. Ин рӯйдоди муҳим барои аксари ҷумҳуриҳо асосан ба нимаи дуюми соли 1991 мувофиқ омад ва барои давлатҳои тоза ба истиқлол расида давраи пурмасъулият – марҳалаи гузариш фаро расид. Чунин вазъияти нави сиёсӣ то андозае боиси сар задани нооромӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ гардид ва ҷумҳуриҳои тоза ба истиқлол расидаро бо мушкилоти сершумор мувоҷеҳ сохт. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субйективӣ ва обйективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии кишвар тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона намояд. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеаву хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдат ва якдилии саросарӣ расонид. Ва санаи 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии кишвари моро собит намуд. Ақли солим бар тафаккури золим ғолиб омад; ягонагӣ устувор шуд ва ҷудоӣ барканор шуд; низоми давлатдории миллӣ ва тоҷикӣ рӯйи кор омад; хушбахтона, ҷанги шаҳрвандӣ сабаби порашавӣ ва тағйиротҳои ҳудудию марзӣ нагардид, баръакс, миллатро муттаҳид кард; Тоҷикистон бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун субйекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид ва аз озмоиши бузурги таърихӣ сарбаландона гузашт. 
Ганҷи дуюм, эҳёи илму маориф, фарҳанги миллӣ, соҳаҳои танду­рус­тӣ ва варзиш. Бояд эътироф кард, ки дар марҳалаи нахустини фазои соҳибистиқлолӣ зарбаи нахустин болои ҳамин соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ фурӯ рехт. Маблағгузорӣ, банақшагирӣ ва идоракунии марказӣ дар ин соҳаҳо аз фондҳои умуми­иттифоқӣ қатъ шуда буд, вале дар доираи имкониятҳои буҷетии ҷумҳурӣ барои таъминоти ин соҳаҳо маблағҳои алоҳида пешбинӣ нагардида буданд. Илова бар ин, дар солҳои нооромӣ раванди таълим дар баъзе ноҳияҳои кишвари мо як муддат осебпазир ҳам шуд. Дар шароити нав, аз як тараф, таъмини маблағгузории ин соҳаҳо ва аз тарафи дигар, ба манфиатҳои миллӣ мутобиқ намудани барнома ва сохтори илму маориф ва фаъолияти муасисаҳои фарҳангӣ, тандурустӣ ва варзишӣ ба миён омад. Мо тавонистем муассисаҳои таълимӣ ва илмии навро ифтитоҳ намуда, фарҳанги миллии тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем, тавассути бозсозии муассисаҳои тандурустӣ ва варзишӣ сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва натиҷаи пирӯзиҳои варзишгаронамонро афзун намоем. Муҳимтар аз ҳама, мо дар тамоми умури коргузорӣ ва идоракунӣ мақоми забони тоҷикиро «боз боло бурда, бар курсӣ нишонидем» ва онро зеби авранг кардем. Роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибихтиёрӣ рушди ин соҳаҳоро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, сол ба сол ба натиҷаҳои назаррас ва беҳтар комёб шуда истодааст. Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки ҳар сол дар арафаи ҷашни истиқлолият муждаи тозае дар бораи навгониҳо дар ин самтҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ аз тариқи расонаҳо танинандоз мегардад. Ҳамагон шоҳиди ҳол ҳастем, ки Пешвои муаззами миллат дар якҷоягӣ бо мардуми фарҳангсолору тамаддунофари тоҷик ва фарзандони бо нангу номуси он пешрафту дастовардҳоро дар ин самт ба таври ҳамешагӣ афзун намуда истодаанд.
Ганҷи сеюм, эҳёи осори гузашта барои имрӯз ва ояндаи дурахшон. Яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият, дар воқеъ, эҳё намудани арзишҳои моддӣ ва маънавии таърихи пурифтихори ниёгон ва ба манфиатҳои фарҳанги миллию динии мо созгор намудани он аст, зеро бе донистан ва дуруст омӯхтани гузашта бунёди рӯзгори имрӯза ва муайян намудани уфуқҳои рушди оянда номумкин аст. Ин ҷанбаи муҳими фаъолияти иҷтимоӣ дар доираи консепсияи «гузашта, ҳозира ва оянда» комилан дуруст ба роҳ монда шудааст, ки таъмини фазои солими иттилоотӣ, илмию фарҳангӣ ва динию эътиқодӣ дар қаламрави кишвар дар шароити кунунӣ маҳсули ранҷҳои дар ин самт сипарикардаи мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат баргузор намудани таҷлили зодрӯзи ниёгон, озмунҳои гуногун ва чорабини­ҳои дигари марбут ба эҳёи таъриху фарҳанги гузашта дар тарбияи рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир гузошта истодааст. Маҷмӯъи корҳои иҷрошуда ҷиҳати ба ваҷҳи писандида муаррифӣ шудани имиҷи байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну субот ва рушдкунанда дар матни сиёсат, иҷтимоиёт ва фарҳанги ҷаҳонӣ нишемангоҳе сазовор омода намудааст.
Ганҷи чаҳорум, таҳияи барномаи мукаммали чаҳор ҳадафи стратегии рушд – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникат­сионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат. Бояд гуфта шавад, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва файзу баракати истиқлолият барои ноил гардидан ба ин мақсадҳои наҷиби рушди ояндаи кишварамон мо ба як қатор дастоварду пешравиҳо ноил гардидем ва фаъолияти созандаву корнамоиҳо дар ин самтҳо ба таври занҷиравӣ идома ёфта истодаанд. Истиқлолияти энергетикӣ барои рушди минбаъдаи ҷумҳурии мо ормони сарнавиштсоз аст ва ба таъбири Сарвари давлат «масъалаи ҳаёту мамот» ба шумор меравад. Раҳоӣ аз бунбасти коммуни­кат­си­онӣ бошад дар равобити мо бо кишварҳои ҷаҳон пайванди ногусас­танӣ мебахшад. Роҳу рафтуомади муттасил бо чаҳор гӯшаи олам инфра­сох­тори иқтисодӣ ва иҷтимоии моро тағйир дод. Воқеияти зиндагӣ дурустии сиёсати хориҷии бисёрқутбаи Сарвари давлат ва наздикӣ ҷустани моро бо кишвари Чину Россия, аз як тараф ва Иттиҳоди Аврупову кишварҳои арабию мусулмонӣ, аз тарафи дигар комилан тасдиқ кард. Ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди парвариши меваю сабзавот ва бунёди корхонаҳои коркарди он ба маҳсулоти кишоварзии мо сифати «аз нигоҳи экологӣ тоза»-ро замима кард. Дар оянда пешрафти ин соҳа ба мо имкон медиҳад ҳам талаботи аҳолиро ба ин маҳсулот қонеъ гардонем ва ҳам содироти онро ба хориҷ афзун намоем. Ворид шудан ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ва дастовардҳо дар се самти ҳадафҳои стратегӣ имкон фароҳам сохт, ки Пешвои миллат ҳадафи чаҳоруми стратегии кишварро дар Паёми навбатиашон саноатикунонии босуръати мамлакат эълон намоянд, ки мақсади ниҳоии он ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.   
Ганҷи панҷум, ба ҳам пайвастани шаҳру ноҳия ва вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ. Ин масъала тавассути бунёд намудан роҳҳои оҳан ва мошингарди дохилӣ, нақбу пулҳо, хатти интиқоли барқ ва табодули босуръати тиҷорати молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ таҳаққуқ мепазирад. Дар ин замина дӯстию рафоқат, ҳамкорию рафтуомад, қаробати хешутаборӣ ва урфу одатҳо афзун гардид, ки боиси устувор шудани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии саросарӣ ва ба вуҷуд омадани фазои ягонаи иқтисодию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ шуда истодааст. Ин ҷанбаи муҳими фаъолият аз сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат дарак медиҳад, ки роҳсозию роҳкушоиро ба яке аз самтҳои меҳварии роҳбарии худ табдил додаанд. Ба бахти миллати тоҷик ин роҳҳо на танҳо барои пешрафти хоҷагии халқи мо хизмат мекунанд, балки онҳо, хушбахтона, ба роҳҳои муҳими транзити байналмилалӣ мубаддал гаштанд.
Ганҷи шашум, рушди бемайлони сохтмони биноҳои маъмурию саноатӣ ва ҷабҳаи созандагию ободонӣ ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар воқеъ симои пойтахт, маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар дар 31 соли истиқлолият аз нигоҳи меъморӣ ва тарҳу дизайн комилан тағйир ёфт ва бунёди биноҳои зиёди таъйиноташон гуногун бемайлон идома дорад. Ин ҳолат ба дигаргун шудани вазъи иҷтимоӣ ва некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд, аз беҳтар шудани имкониятҳои молиявии мардум шаҳодат медиҳад ва яқинан созандагиро бар сӯзандагӣ пирӯз мегардонад.
Ганҷи ҳафтум, афзоиши саҳми бахши хусусӣ дар иқтисодиёт ва маҷ­мӯи маҳсулоти дохилии кишвар. Дар рейтинги кишварҳои рӯй ба рушд ва дорои иқтисодиёти бозорӣ ташаккули бахши хусусӣ омили муҳим аст. Аз як ҷиҳат, он метавонад қисме аз масъулият ва вазниниҳои буҷети давлатиро ба уҳдаи худ гирад ва аз ҷиҳати дигар, шиддати таъсири бӯҳронҳои гуногуни пулию молиявиро дар иқтисодиёти кишвар мулоимтар гардо­над. Беҳтар боқӣ мондани қурби пули миллии мо нисбат ба дигар кишварҳои минтақа ва таъмин будани бозори дохилӣ бо маводи ғизоии аввалия, ба назари мо, шояд ба сабаби бештар рушд кардани бахши хусусӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба даст омада бошад.
Акнун баъди гузашти 31 сол аз оғози Истиқлолияти давлатӣ бо боварии комил гуфта метавонем, ки мудирияти мукаммали сиёсӣ ва анвои мухталифи инфрасохтори давлатӣ ба таври амудию уфуқӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ тибқи муқарраро­ти ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд шудааст. Вале ҳамчунин бояд дониста бошем, ки дар ҳар гуна ҷомеаи шаҳрвандӣ новобаста ба низоми сиёсӣ се гурӯҳи калидӣ – ақаллияти созанда; аксарият ё оммаи мардум; ва ақаллияти харобкор пайдо мешаванд. Буҳроне, ки ба амал омаду як доғи сиёҳе дар пардаи сафеди истиқлоли мо бичаконид, аз он дарак медиҳад, ки гурӯҳакҳои размандаи харобкор ҳанӯз дар ҳолати «санг дар бағал» қарор доранд. Пайравони ин гурӯҳ, ки дар қолаби ҳизби сиёсии динӣ ва иттиҳоди нерӯҳои мухолифин зуҳур карда буданд, тӯли солҳои гуногуни истиқлолият чандин бор чеҳраи воқеии худро ба худию бегона нишон доданд. Ҳолати ногувор ва номуайянӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, вазъи хатарбори сиёсию низомӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷаҳон метавонад ин қабил нерӯҳоро ба таҳрик дароварад, то ки ниятҳои зишту нопокашонро озмоиш кунанд. Ҳарчанд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қудрати комилан бартараф кардани зуҳуроти чунин падидаҳои номатлубро дорад, раванди сулҳу ваҳдати миллӣ ва созандагию ободониро дар ҷумҳурӣ ҳимоя карда метавонад, вале моро зарур аст, ки дар муқобили нотавонбинии чунин нерӯҳои носолим зиракии сиёсӣ ва ҳушёрию ҳушмандии миллиро як лаҳза ҳам заиф нагардонем.
Мо чунин мешуморем, ки дар чунин лаҳзаҳои тақдирсози миллату давлат дастгоҳи идеологӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои қудратӣ бояд пайваста дар ҳамкорӣ бошанд ва барои ошкору пешгирӣ кардани ин қабил равандҳои номатлуб суботкорона фаъолият намоянд. Мутаассифона, мо ҳанӯз наме­та­вонем мавҷудияти ақаллияти харобкорро дар ҷомеа истисно кунем ва нисбат ба ғаразҳои нопоки онҳо бетараф бошем. Дар айни замон бояд саъю талошҳои ақаллияти созандаи воқеан миллию ватандӯст дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дастгирию пайравӣ пайдо кунад, то вазъи оммаи мардум аз нигоҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин будан бо ҷойҳои корӣ беҳтар гардад ва раванди рушди устувору бебозгашти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба даст ояд.
Фазои болидарӯҳии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар шароити ниҳоят мураккаби байналмилалӣ шадидан тақозо менамояд, ки мо ҳеҷ гоҳ озурдахотир нагашта, вазифаи шаҳрвандӣ ва фарзандии худамонро дар табдил додани ин ганҷҳои зикршуда ба ганҷинаи миллӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро намоем. Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки дар ҳикмати ҳаёти инсонӣ некӣ бо бадӣ, корҳои писандида бо корҳои зишт, ақл бо ҷаҳл, имон бо куфр, сулҳ бо ҷанг, рӯз бо шаб, равшанӣ бо торикӣ ҳамеша дар муборизаанд ва мо бояд ҳар рӯз бештар аз пештар кору фаъолият кунем, то пирӯзӣ насиби орзуву ормонҳои миллати тоҷик ва кишвари маҳбубу азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Сазовори гуфтанист, ки фарзандони барӯманди миллат дар давраҳои гуногун шаъну шараф ва фарҳанги миллати моро содиқона ҳимояту пуштибонӣ кардаанд. Шоири зиндаёд, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар даврони шӯравӣ ин рисолати бузургро ба ваҷҳи писандида анҷом додаанд. Шахсияти ин шоири ваҳдатсаро ва миллатдӯст дар замони худ шиносномаи миллати тоҷик дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он ҳам будааст. Бузургии дигари ин зумра шоирон дар он аст, ки шеърашон ҳамеша замонавӣ боқӣ мемонад. Масалан, агар ба шеъри ҳафтбайтаи «Дӯстонро гум макун»-и устод таваҷҷуҳ намоем, чунин менамояд, ки гӯё онро ҳамчун насиҳату тавсияи некӯе барои тараннуми дастовардҳои марҳилаи кунунии истиқлолияти мо суруда бошанд. Овардани ҳамин шеъри баландғояро сазовори фарҷоми барҷастаи матлаб мешуморем:

То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкун касонро гум макун.
Дӯстро аз дӯст, ҷонам, фарқ кун,
Дӯсти пайванди ҷонро гум макун.
Чашмаи илҳоми мо халқ асту бас
Халқи машҳури ҷаҳонро гум макун.
Зинати боғ аз гули хандон бувад,
Мисли гул хандонлабонро гум макун.
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
              
Файзулло БАРОТЗОДА  – раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фраксияи ҲХДТ .
 
 
 
 
 

Илова кунед