Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Соҳиба Ғаффорова

12 Сентябр 2022, Душанбе

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова ва ҳайати парлумонии ин кишвар, ки  ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадаанд мулоқот намуд. 
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавариди таваҷҷуҳи тарафҳо муҳокима шуданд. 
Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки сафари мазкури ҳайати парлумонӣ Озарбайчон ба Тоҷикистон дар раванди муносиботи Душанбе ва Боку ба марҳилаи тоза ворид гардида, тамоюли рӯ ба рушдро касб менамояд.  
Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо вуҷуд дорад ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош мекунад, ки фазои аз ин ҳам беҳтари қонуниву ҳуқуқиро барои густариши муносиботи дуҷониба фароҳам биёрад. 
Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дорои як идда муштаркоти фарҳангиву таърихӣ ва мазҳабӣ мебошанд ва ин муштаракот метавонад заминаи мусоидро барои тақвияти ҳамкориҳои дигар соҳаҳо ба вуҷуд орад, гуфт Маҳмадтоир Зокирзода ва илова намуд, ки миллати тоҷику озарӣ аз қадим байни якдигар дар бахшҳои мухталиф ба таври инфиродиву дастаҷамъӣ ҳамкорӣ ва муносибати дӯстона доштанд ва хушбахтона, ин шеваи муносибат то имрӯз ҳифз гардида, сол аз сол густариш ёфта истодааст. 
Раиси Маҷлиси намояндагон ба ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамзамон таъкид кард, ки фаъолият доштани гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ду кишвар заминаи хуберо барои таҳкими ин муносибот ба вуҷуд меорад. Боздиди ҳайатҳои парлумонии ду кишвар аз мамлакатҳои ҳамдигар низ барои истифода аз таҷрибаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонун ва дигар санадҳои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалидошта кӯмак хоҳад кард. То имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон санадҳои зиёди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидаанд ва имзои ин санадҳо фазои ҳамкориҳои гуногунсоҳаро байни ҷумҳуриҳои мо боз ҳам беҳтар хоҳанд кард. 
Дар навбати худ Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова изҳор дошт, ки ӯ ба мардум ва миллати тоҷик назари нек дорад ва ба ҳайси Раиси парлумони кишвараш аз тамоми имконот ва маҳорату дониши худ барои таҳкими ҳамкориҳои мамлакаташ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад кард. 

Дар анҷоми мулоқот ҳарду ҷониб изҳори умедворӣ намуданд, ки муносиботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамаи соҳаҳо густариш ёфта, маҷрои навро касб мекунад. 
Дар мулоқот Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, Раиси комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Ашурзода, Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Саторзода, Сафири мухтор ва фавқуллодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбоӣҷон Рустами Солеҳ иштирок намуданд.

Илова кунед