Нақши Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ
25 Октябр 2022, СешанбеИҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сӣ сол қабл дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, ки аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимме мебошад, ки дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон ва таҳкими соҳибистиқлолии кишвар як марҳилаи сифатан навро асос гузошта, барҳам хӯрдани давлати тоҷикон ва аз миён рафтани миллати тоҷикро пешгирӣ намуд.
Воқеан, ин иҷлосияи муҳимми таърихӣ оғози аз вартаи нобудӣ раҳо ёфтан ва ба сулҳу ваҳдат ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба муносибати даҳумин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд “Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд. Ин иҷлосияи тақдирсоз аз лаҳзаҳои аввали фаъолияташ манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатиро аз ғаразу манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ афзалтар дониста, ба волоияти қонун ва бо роҳи қонунӣ ҳаллу фасл намудани тамоми мушкилоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ибтидо гузошт”.
Бояд таъкид намуд, ки дар иҷлосияи тақдирсози мазкур дар марҳилаи барои миллат ниҳоят душвор аз ҷониби вакилони мардумӣ бо сарварии роҳбари ҷавони давлати тоҷикон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳое андешида шуданд, ки ба ояндаи дурахшони кишвар заминаи мустаҳкам гузоштанд.
Дар ин иҷлосия вобаста ба вазъияти ҳассоси сиёсӣ фаъолияти ниҳоди прзидентӣ дар кишвар боздошта шуд ва салоҳиятҳои Президенти мамлакат ҳамчун роҳбари давлат ба зиммаи Раиси Шӯрои Олӣ вогузор гардид.
Ба қатори масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи иҷлосия дар навбати аввал ба қатъи хунрезӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои бартарафсозии бенизомиҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он, таъмини сулҳу субот дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, таъсис додани артиши миллӣ ва ќувваҳои сарҳадӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлолият шомил буданд.
Дар иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуд, ки минбаъд дар ба низом овардани вазъи сиёсии кишвар, танзими муносибатҳои ҷомеа ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат намуданд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар иҷлосияи қабулшуда ва иқдомҳои пайвастаи роҳбарияти нави сиёсии интихобгардида барои хотима гузоштан ба ҷанги бародаркуш, барқарор намудани фаъолияти аркони давлатдорӣ, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва оғози раванди бунёдкориву созандагӣ заминаи боэътимод гузоштанд.
Ба андешаи мо, дар радифи масоили муҳимми зикргардида, вазифаи муҳимтарини вакилони мардумӣ дар ин иҷлосия муайян намудани пешомадҳои рушди иқтисодӣ ва халқро ба ояндаи неки кишвар умедвор сохтан буд.
Маҳз бо ҳамин мақсад, дар иҷлосия қарор қабул карда шуд, ки ягона роҳи расидан аз мушкилоти иқтисодӣ ва боздоштани пастравии истеҳсолот рӯ овардан ба низоми иқтисоди бозорӣ мебошад. Дар ин робита, қабул намудани як силсила асноди ҳуқуқӣ оид ба гузариш аз иқтисоди нақшавӣ (планӣ) ба муносибатҳои нави иқтисодӣ минбаъд на танҳо дар раванди бартараф кардани буҳрони амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намуд, балки тадриҷан заминаи асосии пешрафти устувори иқтисодӣ гардид.
Бояд қайд кард, ки иқтисодиёти мутамаркази дар он давра амалкунанда, ки аз замони шӯравӣ мерос монда буд, ба талаботи сиёсати иқтисодии давраи истиқлол ҷавоб дода наметавонист. Бар замми ин, канда шудани робитаҳои иқтисодию мутамарказ ба коҳиш ёфтани даромади ҷумҳурӣ овард, ки дар натиҷа аз андозаи давраи шӯравӣ се баробар кам шуд. Қариб 70 фоизи корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонда, дар бозори истеъмолии кишвар норасоии ҷиддии маводи ғизоии ниёзи аввалияи мардум ба миён омад.
Мавриди қайд аст, ки дар давраи аввали ҷанги шаҳрвандӣ гуруҳҳои алоҳидаи ҷиноӣ ба ғорат кардан ва аз қаламрави кишвар бо роҳи ғайриқонунӣ баровардани ашёи хоми стратегӣ, воситаҳои техникӣ, таҷҳизот ва молу мулк даст мезаданд.
Маҳз бо мақсади пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳои номатлуб дар иҷлосия санаи 25 ноябри соли 1992 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки қоидаҳои умумиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба танзим даровард.
Ҳамчунин санаи 27 ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз нав дида баромадани нархи яклухти хариди пахта ва маҳсулоти дигари кишоварзӣ» қабул гардид, ки барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти воқеан стратегии кишвар нақши муҳим бозид.
Бояд қайд кард, ки ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишвари моро фаро гирифта буд, боиси хисороти азими иқтисодӣ гардид. Тибқи маълумоти расмӣ танҳо соли 1992 Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар нисбат ба соли 1991 зиёда аз 35 фоиз коҳиш ёфта, буҷети давлатӣ барои соли 1993 ҳамчун буҷети фавқуллода бо нокифоягии молиявӣ тасдиқ гардид. Инчунин, дар ин давра аллакай ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва кишоварзӣ ду баробар кам шуда буд.
Дар заминаи қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азму иродаи қавии Пешвои миллат ва дастгирии халқи баору номус ба мо муяссар гашт, ки дар як давраи кӯтоҳ заминаҳои мустаҳками рушди устувори иқтисодӣ, яъне сохтмони роҳҳои мошингарди аҳамияти дохиливу байналмилалидошта, нақбҳо ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ ва амсоли инҳоро бунёд созем.
Дар натиҷаи татбиқи стратегияи дар иҷлосия тарҳрезишуда низоми иқтисоди мунтазам рушдёбанда ҷорӣ карда шуд, ки дар асоси он шаклҳои гуногуни моликият ба вуҷуд омаданд ва зина ба зина густариш пайдо карданд.
Дар соҳаи кишоварзии кишвар ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳанӯз дар солҳои оғози истиқлол, яъне дар солҳои бисёр вазнини 1992-1998 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд.
Бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, аз 11 миллиарди соли 1992 ба 40 миллиард сомони дар соли 2021 расонида шуд, яъне қариб 4 баробар афзоиш ёфт.
Маҳз андешидани чунин тадбирҳои муассир боис гаштанд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд.
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард.
Ҳамзамон, барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуд.
Дар 30 соли таърихӣ ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.
Боиси таъкид аст, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз гардид, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд. Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд.
Маҳз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳои зикргардида буданд, ки дар зарфи сӣ сол дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардида истодааст.
Ҳамчунин дар ин давра музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт.
Дар 30 соли охир шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 9,8 миллион нафар, яъне 1,8 баробар зиёд гардид ва соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид.
Албатта рақамҳои мазкур танҳо қатрае аз баҳр мебошанд, ки дастоварду комёбиҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари соҳибистиқлоли моро зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд, ки сарооғози кулли муваффақиятҳо ин Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва мо итминони комил дорем, ки ояндаи Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол дурахшон аст.
Воқеан саҳми Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлати навини тоҷикон, таҳкими истиқлолии кишвар ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ басо бузург мебошад ва бешубҳа тибқи суханҳои Пешвои муаззами миллат “Солҳо мегузаранд, наслҳо дигар мешаванд, ба ҷойи падарон фарзандон ба арсаи зиндагӣ ва минбари сиёсат меоянд. Вале номи неки онҳое, ки дар навиштани саҳифаҳои пурифтихори таърихи навтарини миллат заҳмат кашида, фидокориҳо кардаанд, дар хотираи миллати тоҷик абадан зинда мемонад”.
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба иқтисод ва молия