«Парламентҳои ҷавон – нигоҳ ба ояндаи Иттиҳод»
27 Октябр 2022, Панҷшанбе Имрӯз дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ҳамоиши баӣнипарлумонии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Парламентҳои ҷавон – нигоҳ ба ояндаи Иттиҳод», бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ин созмон баргузор гардид, ки дар кори он декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нурулло Қурбонилизода, Сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода ва сармутахассиси раёсати мазкур Абдусамад Эсанқулов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори ҳамоиши мазкур намояндагони Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Котиботи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ, таҳлилгарон ва маърӯзачиён намояндагӣ ва иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи Форуми ҷавонони мазкур таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳасанаи ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои густариши ҳамкориҳои ҳасана заминаи мусоид фароҳам оварда, имрӯз ин ҳамкориҳо, дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.
Аснои баромади намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода ва декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нурулло Қурбонилизода, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои татбиқи босамари сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва густариши ҳамкории байналмилалӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Баромадкунандагони чорабинии мазкур аз иштироки фаъолонаи ҷавонони Тоҷикистон дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ ва дуҷониба дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати татбиқи як зумра лоиҳаҳо ва баргузории чорабиниҳои муштарак изҳори назар намуданд.

Ёдовар мешавем, ки мақсадҳои асосии таъсиси ин Ассамблея ҷалби ҷавонон ба раванди рушди ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ИДМ, фароҳам овардани шароити мусоид барои мубоҳиса ва мубодилаи таҷрибаи ҷавонон дар иштироки фаъолияти парламентӣ ва намояндагӣ аз ташкилотҳои ҷавонон, шинос кардани ҷавонон бо дипломатияи парламентӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, фаъол будан дар ҷамъият ва ҷомеаи шаҳрвандии насли ҷавонӣ Иттиҳод мебошад.
Худи ҳамин рӯз форуми ҷавонон бо иштироки доираи васеи ҷавонон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ анҷом бахшид.