Иҷлосияи тақдирсоз ва саодати мардум
11 Ноябр 2022, ҶумъаСолҳои 90-уми асри гузашта дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун солҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дарду ранҷи ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ сабт гардидааст. Яке аз воқеаҳои муҳими ин солҳо баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки онро тақдирсоз меноманд. Аз он хотир ин Иҷлосия соҳиби чунин унвон гаштааст, ки воқеан сарнавишту қисмати миллату давлат, сулҳу суботи ҷомеа, рушди устувори кишвар ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ маҳз дар он рӯзҳои таърихӣ дар саҳифаи пурфатҳи таърих навишта шуд.
Қабули як қарори нодуруст, рафтори ноҷо ё гуфтори ғалат, ки аз бетаҷрибагию ноогоҳӣ ва худписандию нодонӣ сар мезанад, метавонад ҳаёти шахс ва атрофиёнашро куллан дигар намуда, шаъну шараф ва обрӯю эътибори ӯро дар ҷомеа коста гардонад. Аммо азму саъйи комил ақлу хирад, малака, мулоҳизакориро талаб мекунад ва соҳиби ин хислатҳои баргузида боиззат, бошараф ва некном хоҳад гардид. Бахусус агар роҳбар иродаи мустаҳкам надоштаву дурандеш набошад, коргоҳи ӯ парканда ва идоранашаванда мегардад.
Агар бо баробари ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистони пасошӯравӣ шахсияте мисли Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро дар даст медошт, ҳеҷ гоҳ Тоҷикистонро оташи ҷанг фаро намегирифт ва ин фоҷеаи миллат бо пайомадҳояш миллату давлатро ба буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ намеовард. Аммо ноустуворӣ ва омодагӣ ба мустақилият надоштан омили асосии ба коми оташи ҷанги таҳмилӣ кашидани кишвар шуд. Албатта он рӯзҳои мудҳишро миллати тоҷик як имтиҳони бузурги таърихӣ ҳисоб мекунад ва муҳимияташ дар он аст, ки тоҷикистониён бо сарварии Пешвои худ дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ он давраро аз сар гузаронид.
Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ барои намояндагони мардумӣ ҳамон имтиҳоне буд, ки ояндаро муқаррар мекард. Он вақт вакилон хиради азалии мардуми Тоҷикистонро зоҳир намуда, дар қатори дигар қарорҳои қабулнамудаи худ, Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллатро чун гавҳари нодир пайдо кардаву ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд. Пешвои муаззами миллат тавонистанд, ки бо сарварии дурандешонаву хирадмандонаи худ ба мардуми Тоҷикистон сулҳ оваранд ва ҳамон ваъдаи ба вакилон додаи худро ба ҷо оваранд.
Имрӯз Ватани маҳбуби мо новобаста аз он, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, дар сатми рушд бо ҳамсоякишварҳо баробар буда, дар баъзе қисматҳо нисбатан хело пеш рафтааст.
Сулҳу ваҳдат пояи пешрафти Тоҷикистони азиз аст. Бо бунёди роҳу нақбҳо, неругоҳҳоии барқии азим, коргоҳҳои саноатии бузург, мактабу шифохонаҳо, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва дигар иншооти муҳим сатҳу сифати зиндагии мардум ба боло рафта, назари нек ба ояндаи хеш доранд.
Вақт ошкоркунанда ва баҳодиҳандаи дурустии амалҳои мост. Бо гузашти 30 сол аз баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ҳар нафари вадандӯсту соҳибхирад ба вакилони Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ, ки тавонистанд интихоби дурусту оқилона кунанд, таҳсину офарин мефиристад. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон аз вакилони он замон сипосгузоранд, ки чунин Сарвари маҳбубро интихоб кардаву ояндаи некро таъмин намуданд ва Тоҷикистон ба кишвари ободу озоду пешрафта мубаддал гардид.
Шодизода Парвиз
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон