Сайёҳӣ таҷассумгари таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ

21 Ноябр 2022, Душанбе

    Сайёҳӣ ҳамчун яке аз соҳаи сердаромади иқтисодиёт барои суръати баланди рушди худ, феномени иқтисодӣ дар садсола эътироф гаштааст.
    Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию анъанаҳои миллӣ мебошад, барои рушди ҳам сайёҳии дохилӣ ва ҳам қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд.
    Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуда буданд. Ин ташабусси Пешвои муаззами миллат саривақтӣ буда, барои рушди ин соҳаҳо дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёриву ҳуқуқиро фароҳам овард.
     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад, бо истифода аз имкониятҳои табииаш сайёҳони бештари хориҷиро ба кишвар ҷалб намояд. Бо ин мақсад ниҳоди наве бо номи Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шуд. Илова ба ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул гардид, ки он асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии фаъолиятро дар соҳаи сайёҳии дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ташаккул ва рушди соҳаи мазкур равона шудааст. Инчунин Консепсияи рушди соҳаи сайёҳӣ ва Барномаи давлатии рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодӣ, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи сайёҳӣ дар давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.
     Дар Паёми мазкур Пешвои муаззами миллат қайд намуда буданд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бошуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
     Дар ин раванд ба ширкатҳои сайёҳӣ ва барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, ки таҷассумгари таъриху фарҳанги қадима ва анъанаҳои халқи Тоҷикистон мебошанд, як қатор имтиёзҳо ироа намуданд.
      Сайёҳӣ ба фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, беҳбуди вазъи зербинои нақлиёту коммуникатсия, афзоиши ҳаҷми сохтмон ва савдо мусоидат мекунад. Дар баъзе кишварҳо ҳаҷми даромад аз сайёҳӣ беш аз 50%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Омори Ташкилоти Умумиҷаҳонии Сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид ва баъзе институтҳои байналмилалии молиявӣ шаҳодат медиҳанд, ки сайёҳӣ аз соли 1998 дар содироти ҷаҳонии мол ва хизматрасонӣ ба ҷои аввал баромада, аз дигар соҳаҳои иқтисодиёт ба маротиб пеш гузатааст. Шумораи ҷойҳои корӣ дар соҳаи сайёҳӣ тақрибан 200 млн ё беш аз 8%-и нишондиҳандаҳои умумии шуғли аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
     Суръати миёнаи рушди сайёҳӣ дар солҳои 1950-1999 дар як сол 7%-ро ташкил дода аст, ки дар маҷмӯъ аз суръати миёнаи солонаи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ зиёдтар мебошад. Мувофиқи дурнамои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дар даҳсолаҳои наздик суръати рушди сайёҳӣ нигоҳ дошта мешавад.
    Дар аксари мамлакатҳо сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда бозида, ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт ба мисли нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигарҳо таъсири мусбат мерасонад. Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имкониятҳои бештар муҳайё кардааст.
   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии варзишӣ, кӯҳнавардӣ, таърихиву фарҳангӣ, этнографӣ, шикори байналмилалӣ, табобатӣ, санаторию курортӣ, истироҳатӣ ва дигарҳо рушд менамоянд. Инкишофёбии соҳаи сайёҳӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳимтаринест, ки обрӯю эътибори онро дар арсаи ҷаҳонӣ баландтар бардошта, мароқи сармоягузоронро  ҷалб намуда, оид ба ташкил намудани ҷойҳои иловагии корӣ дар мамлакат мусоидат мекунад.
    Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сурати  таҳияи маводи сайёҳии миллӣ дар заминаи ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, хусусиятҳои табиӣ ва анъанаҳои миллӣ, табдили бонизом ва самараноки он ба бозори  хизматрасонии сайёҳӣ, воридшавии бештари сайёҳони хориҷӣ таъмин мегардад ва барои аҳолӣ ҷойҳои иловагии корӣ муҳайё гардида, шароити некуаҳволӣ таъмин ва буҷаи давлат низ ғанӣ мегардад.
      Дар ҷаҳони муосир ба бунёди инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ иншоотҳои муосири хидматрасонӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ҳамаи ин ҷузъи муҳими инфрасохтори сайёҳӣ маҳсуб меёбанд ва он имкон медиҳад, ки мо дар дурдасттарин минтақаи ҷумҳурӣ ба сайёҳон дар шароити хубу мусоид хидмат расонем.
     Омили муҳими рушди сайёҳӣ суботи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, зеро сайёҳӣ аз рушди тамоми иқтисодиёт ва вазъи сиёсии мамлакат вобаста мебошад. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тадбирҳое, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ва мустаҳкам намудани имиҷи кишвар равона шудаанд, ба тамоми намудҳои сайёҳӣ таъсири мусбат мерасонанд. Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, ки кишвари биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Захираҳои табиию фароғатӣ, мавҷудияти ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, фарқиятҳои этникӣ, расму оини хоссаи меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон, чашмаҳои шифобахш, дарёҳои куҳӣ ва гиёҳҳои нодиру шифобахш,  мавқеи хосӣ ҷуғрофӣ  имконият медиҳад, ки  дар ояндаи  наздик дар ҳудуди кишвари азизамон навъҳои афзалиятноки  сайёҳӣ  ривоҷ дода шаванд.

  Сафарзода Файзалӣ
мудири шуъбаи кадрҳо
 ва коргузории махсус

Илова кунед